Дар маркази яхбандии қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҳам якчандто пиряхҳои пастхамӣ ва водигӣ дида мешаванд. Аз ҳама калонтарини онҳо пиряхи Зарафшон мебошад, ки масоҳати он ба 41,0 км мураббаъ баробар аст. Пиряхҳо сарвати бебаҳои ҷумҳурй мебошанд. Ҳисоб карда шудааст, ки ҳаҷми захираи оби пиряхҳо 460 км’-ро ташкил менамояд. Захираи оби онҳо нисбат ба оби дарёҳо 3 баробар зиёд аст.
Пиряхҳо сеяки ҳиссаи оби солона ва қариб 50 фоизи гизои тобистонаи оби дарёҳоро медиҳанд. Мутаассифона ҳаҷми захираи ях ва масоҳати пиряхҳо доимӣ нестанд. Он вобаста ба тагйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо ин ҳодиса дар ҳар 12-15 ва тақрибан 30-70 сол дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меояд. Омӯзиши 35 солаи 170 пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол тагйир ёфта хурд шуда истодаанд. Аз ҷумла ҳудуди пиряхи Бивачний ва Гармо то 4 км кӯтоҳ шудаанд. Пиряхи «Хирсон» бошад 450 м поён фаромадааст. Пиряхҳои қисми гарбии қаторкӯҳҳои Пётри I, 1,5 то 7 км кӯтоҳ гардидаанд. Пиряхҳои қисми шимолии он бошад, аз 1 то 6 км кӯтоҳ шудаанд. Дар қаторкӯҳи Паси Олой пиряхҳо аз 2 то 3,5-4 км кам гаштаанд. Масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Вахш 806 км мураббаъ хурд шудааст. Дарозии пиряхи Зарафшон аз соли 1908 то с.1986 1 км кам шудааст. Пиряхи Абрамов дар давоми солҳои 1850 то соли 1984, 80 метр кӯтоҳ гардидааст.
Чунон ки маълум карда шуд, дар Тоҷикистон дар давоми 15 сол 15 пирях об шуда нест гардиданд. Онҳо аз 4 то 5 км дарози доштанд. Олимон ва тадқиқотчиён аксарияти пиряхҳои қаламрави Тоҷикистонро ба намуди лағжанда мансуб медонанд. Чунончи, ба қайд гирифта шудааст, ки пиряхи аз ҳама калони ин сарзамин, пиряхи Федченко дар солҳои 1868, 1910-1913, соли 1963 ҳаракат карда сипас дар муддати 40-50 сол аз лағжидан мондааст. Лағжиши пиряхҳо бо якчанд сабабҳо рух медиҳад: нишебии маҳал, қувваи фишори қабати нави барф (дар солҳое, ки барф аз ҳад зиёд меборад), таконхӯрии кӯҳҳо дар натиҷаи заминларза ва гайра. Дар зери таъсири ин омилҳо агар забонаи пиряхҳои барфӣ (ҳудудест, ки аз он боло ях бо суръат об намешавнд) паст фарояд, зуд об мешавад. Зеро, ки ҳарорати ҳаво аз хатти барфӣ поён нисбатан баланд мебошад.
Бояд донист, ки пиряхҳои дар пастхамӣ ҷойгиршуда қариб ҳаракат намекунанд. Пиряхҳое, ки дар нишебӣ ва водии байникӯҳӣ воқеъ гардидаанд, аз барфҳои баландкӯҳӣ ғанӣ шуда ба поён ҳаракат менамоянд, Дар ҳолати танзими табиии ҳаракати онҳо 0,3-0,8 м-ро ташкил менамояд. Пиряхи Федченко дар як шабонарӯз 0,7 м, Ҷамъияти географӣ бо суръати 0,28 м, Зарафшон бо суръати 0,25 м ҳаракат мекунанд. Аз ин нигоҳ онҳо ҳамчун захираи табиии ҷараёни дарсҳо аҳамияти калони хоҷагӣ доранд. Дар фасли тобистон, ҳангоми об шудан сатҳи оби дареҳоро баланд мекунанд, ки дар шароити иқлими континентии хушки Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикисгон барои обёрии заминҳо ва парвариши зироат ва боѓу роѓ аҳамияти калон дорад.