Албатта, мақсад аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Роҳбари кишвар ба соҳаи маориф, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Ҳамон тавре ки дар Паём зикр гардид, пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан ба сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии зиёд дорад. Дар олами муосир татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ва сазовор гардидан ба зиндагии шоиста ба рушди бомароми соҳаи маориф тавъам мебошад. Дар маҷмуъ, Паём дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.Аз ин рӯ, дар оғози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».
Бузургии Пешвои миллат, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст. Ба назар мерасад, ки вобаста ба чунин талабот нисбат ба муҳтавои васоити таълимӣ — китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, олӣ ва мавзӯъҳои таҳқиқоти муассисаҳои илмиву таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои гуманитарии Академияи илмҳо аз нигоҳи танқидӣ муносибат кунем. Серталаб бошем. Онҳоро ба талаботи сохти конститутсионӣ — давлати миллӣ, тавъам бо таҷриба ва арзишҳои созандаи дунёи мутамаддин мувофиқ гардонем. Саҳлангорӣ ва муносибати духӯра дар ин маврид ба фоидаи суботи ҷомеа нест ва нахоҳад буд.
Ҳар як Паём ба инъикоси вазифа ва ҳадафҳои дар боло зикршуда равона мегарданд. Новобаста аз ин, дар Паёми ниҳоӣ якчанд хусусиятҳои хос мавҷуданд, ки дар Паёмҳои пешин ба назар намерасиданд.