Ҷаҳонишавии мушкилотои байналмилалӣ дар замони муосир ба муаммоҳои об ҳам таъсир расониданд. Ҳаракатҳо барои таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тоза ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи замин саҳми арзишманд гузоштаанд.
Дар асоси маълумотҳои СММ дар давоми як рўз дар натиҷаи норасоии оби тоза тақрбан 200000 одам мефавтанд, дар давоми як сол бошад 60-65 млн одам ба ҳамин ҳолат дучор мешаванд. Имрўз дар олам зиёда аз 2 млрд нафар одамон аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд.
Агар дар асоси таклифи Раиси тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи оби тоза аз имрўз эътибор дода нашавад, соли 2050 нисфи аҳолии ҷаҳон аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд. Дар давоми зиёда аз ду даҳсола муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ҷомеаи ҷаҳониро огоҳ менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд: «Ҳамкориву ҳамгироии самаранок, одилона ва барои ҷонибҳо судманд дар соҳаи об метавонад таконбахши рушди муштараки кишварҳое гардад, ки онҳоро ҳавзаҳои умумии об ба ҳам мепайвандад».
Қатъномаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 20 -21 июни соли 2018 дар Кохи Сомонӣ, бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, обрў ва эътибори Тоҷикистон боз ҳам пурқувваттар шуд. Барои иштирок дар конференсия сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз 100 давлати ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва дар он захираҳои бузурги оби нўшокиро ба манфиатҳои умум мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ҳуҷҷатҳои аҳамияти таърихӣ дошта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд[6,6].
Пешвои миллат дар иҷлосияи 63-юми СММ баромад намуда, ҳалли се масъалаи асосии ҷомеаи башариро пешниҳод намуданд, ки ҳалли ин масъалаҳо дар шароити ҳозира хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Ин масъалаҳо тағйирёбии иқлим, таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва таъминоти оби тозаро дар бар мегирад. Тағйирёбии иқлим ва масъалаи об дар тараққиёти хоҷагии халқ вазифаи асосӣ- пойдевориро мебозад ва обро нодуруст истифода бурдан мумкин нест. Аз он ҷумла, об дар инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, дар инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ аҳамияти калони умумибашарӣ доранд. Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ яке аз масоили мубрами иштироки Тоҷикистон дар иқтисодиёти ҷаҳон -об мебошад ва барои ҳалли масъалаҳои об пешниҳодҳои ҳалкунандаро тавсия кардаанд. Дар амалӣ гардидани он иштирок кардани тамоми давлатҳои ҷаҳон зарур ва шарт аст.
Хулоса, дар ҳалли мушклотҳои об, тағйирёбии иқлим, экология ва дипломатияи об дар ҷаҳон, саҳми Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон буда, таклиф ва пешниҳодҳои ў аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ СММ ва дигар созмонҳои бо нуфузи ҷаҳонӣ мавриди дастгирии омма қарор мегирад.