РӮЗИ КАСБИИ ҲАМШИРАИ ТИБ 0 2 Мубодила кардан РӮЗИ КАСБИИ “ҲАМШИРАИ ТИБ” Санаи 12-уми майи соли 2025 дар Муассисаи Давлатии Таълимии Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи “Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи кафедраи “Кори ҳамширагӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи касбии “Ҳамшираи тиб” баргузор гардид. Барномаи конференсия аз ҳаёту фаъолияти асосгузори фанни “Асосҳои кори ҳамширагӣ” Флоренс Найтингейл, маърӯзаҳо ба таври амалӣ нишон додани маҳорату малакаи донишҷӯён иборат буд. Дар раванди чорабинӣ донишҷӯён тавонистанд, маҳорати баланди касбии худро нишон диҳанд. Ҳамшираҳои тибби –гуруҳи бешумортарини кормандони тиб, мебошанд, ки дар системаи таҷрибаи умум, дармонгоҳҳо, беморхонаҳо, бунгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ, таълимгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ – татқиқотӣ меҳнат мекунанд ва вазифаҳои гуногунро ишғол намуда, корҳои гуногуни ба онҳо дахолатдоштаро иҷро менамоянд, ки барои ин, ба онҳо донишҳои ҳаҷмашон гуногун заруранд. Бинобар ин, ҳамшираи тиб бояд дорои хислатҳои баланди ахлоқи буда, ҳамаи амалҳои ӯ бояд саршор аз мехрубонӣ, хайрхоҳӣ ва таваҷуҳ ба беморорн буда, худи ӯ бояд дорои сабри комил ва одоби муомила бошад. Махсусан бояд дар хотир дошт, ки сухан на танҳо шифо мебахшад, балки захм меорад. Ҳамшираи тиб, бояд касби худро дӯст дорад, софдилона ва бомаҳорат онро иҷро намояд. Хамшира бояд дастони моҳир, чашмони укоб, хиради мор ва дили шер дошта бошад. Мудири кафедра Аҳтмова С.С. Пеш 1 то 19 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан