ПЕШГИРИИ ХУШУНАТ ВА ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ОМИЛИ МУҲИМИ СОЛИМИИ ҶОМЕА 0 0 Мубодила кардан Санаи 12.12.2025 сол дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» конференсия дар мавзӯъи «Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид. Дар конференсия Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон, Ҷоннишини директор оид ба корҳои таҷрибаомӯзӣ Эмомова Сайлигул, Раиси занон ва оилаи муассиса Салимова Замира, Раиси созмони ҷавонон ва варзиши муассиса Мирзоева Дилбар омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассиса иштирок доштанд. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон баромад намуда қайд намуданд, ки бунёди оилаи солим таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф намудани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз омилҳои муҳими пешрафти он буда ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зуроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд. Барои ба воя расонидани фарзандон нақши модар аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз агар дар зиндагӣ хушунат нисбат ба зан ҷой дошта бошад ба фарзандони ӯ таъсири манфӣ мерасонад, ва фарзандони онҳо метавонанд таҳти хатари ҷидди ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зери хавф қарор мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон қайд намуданд, ки: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Аз ин рӯ ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда аз ҷумла вакилони парламентро зарур аст, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда лоиҳаи санадҳои меъёри ҳуқуқии ба талаботи рушд мувофиқро таҳия намоянд». Раиси занон ва оилаи муассиса Салимова Замира баромад намуда иброз намуданд, ки зӯроварӣ дар оила ин як навъи поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад, ки худмуҳофизаткунии ҷабрдидаро ѓайриимкон месозад. Масъалаи зӯроварӣ дар оила, мушкилоти гуногунҷабҳа буда, маънои онро дорад, ки барои муборизаи самаранок пешгирии зӯроварӣ, ошкор намудани ҷабрдидаҳо ва кумаку муҳофизати онҳо инчунин ҷазо пешниҳод намудан ба гунаҳкорҳо мебошад. Бояд қайд намуд, ки зуроварӣ амали номатлуб дар ҷомеа буда барои солимии насли наврас ва пойдории оилаи солим таъсири манфӣ мерасонад. Шӯъбаи тарбия: Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 0 Мубодила кардан