ҒОЯҲОИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОРОНАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

0 2

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд.

Бояд ошкоро гуфт, ки роҳи паймудаи он ҳамвор набуд, балки шебу фарози зиёде дошт. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз як гурӯҳи хурди ҳаммаслакон имрӯз ба як ҳизби муосири ба нерӯи пешсафу пешбар ва ташаббускору созанда табдил ёфтааст.

Дар шароити имрӯза барои сафарбар намудани одамон ба корҳои хайру созанда чунин нерӯи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад.

Самараи он таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар сафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавонону бонувони ватандӯст, ба кори ҳизбӣ содиқ, фаъолу ташаббускор ва ташкилотчӣ хеле зиёданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт.

Амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем.

Яке аз самтҳои муҳимму муассири кори ҳизбӣ аз он иборат аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд.

Яке аз вазифаҳои муҳимми ташкилотҳои ҳизбӣ робитаи доимии онҳо бо тамоми қишри ҷомеъа мебошад.

Бояд гуфт, ки дар кори ҳизбӣ фаъолияти фаҳмондадиҳиву маърифатӣ нақши муҳим дорад.

Дар марҳалаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ истифодаи самараноки нерӯи созандаи занон яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум мебошад.

Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳалли масоили занон ва ташаккули чеҳраи сиёсии онҳо яке аз ҳадафҳои асосии барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Тадбирҳои ҳизб дар ин бобат бояд ба ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои занон, воридшавии онҳо ба раванди муносибатҳои нави ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занон равона карда шавад.

Ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати ҷавонон, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст, таъмини минтақаҳои дурдаст бо кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 то ҳол қариб 25 ҳазор нафар духтарону писарон барои таҳсил ба мактабҳои олӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 9 ҳазор нафар духтарон мебошанд.

Дар ин муддат қариб 547 ҳазор нафар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро хатм кардаанд, ки 260 ҳазор нафари онҳо духтаронанд.

Тоҷикистони азизи мо ҳоло ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад.

Воқеан, истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳар як узви ҳизби мо ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷойи холӣ бунёд гардида, таҷрибаи мусбияти аҳзоби сиёсии дигарро ба кор бурда, аз амалияи сиёсии ҷаҳонӣ истифода бурдааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ тарафдори роҳу равиши пешрафт буд. Ин аст, ки дар байни халқи шарифи кишвар имиҷи баланди сиёсӣ пайдо карда, тарафдораш зиёд гардидааст.

Дар ин раванд барои ташаккул ва инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» заминаи воқеӣ гузоштанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иттиҳодияҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва давлат барои фаъолияти онҳо имкониятҳои баробар фароҳам меорад.

Аз ин хотир, ҷамъият ба созмон додани чунин ташкилоти усулан нави сиёсӣ ниёз пайдо кард. Ин созмонро лозим буд, ки на танҳо ҷойи холии фазову арсаи сиёсатро пурра кунад, балки муҳимтар аз ҳама, тавонад ҷамъияти аз ҳам ҷудошудаи моро муттаҳид намуда, ба хотири бунёдкорӣ ва азнавсозии ҷомеа ба он рӯҳу илҳом бахшад.

Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мақсаду аҳдофи сиёсии оинномавӣ фаъолияти худро шарафмандона амалӣ менамояд. Инчунин барои мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тарғиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад».

Маҳз ҳамин садоқату ифтихор заминаи устувори марҳилаи рушду пешрафт ва таъмини таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардидааст. Дар саргаҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд. Худшиносии миллӣ инъикосгари хусусияти руҳию равонии афроди ҷомеа, шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст. Худшиносии миллӣ, пеш аз ҳама, дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ яктану якҷон будан аст. Талошҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам оварданд, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёбад. Дар ин давра дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули руҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Дар ниҳоят, зикр намудан бамаврид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба қадри зарурӣ истифода кардааст.

Эмомова Сайлигул Ҳикомовна

муовини директор оид ба таҷрибаомузӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.