Тағйирёбиҳои амиқ дар сохтори ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргунии харитаи геосиёсии ҷаҳон ва ташаккулёбии гурӯҳҳои ҳамгироии байналмилалӣ бисёре аз давлатҳоро водор ба он сохт, ки ба ҷустуҷӯйи шаклҳои нави амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамкории иқтисодӣ машғул шаванд. Равандҳои наздикшавии давлатҳои мустақил ва муттаҳид гардидани онҳо дар ниҳодҳои асосии минтақавӣ омили асосии муносибатҳои байналмилалии муосир гардидаааст. Бинобар ин, зарурати гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи падидаи ҳамгироӣ аз нуқтаи назари воқеияти муосир ва ояндаи давлатҳо ва минтақаҳо дар фазои геосиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо мешавад.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд.
Баргузории ду ҳамоиши бузурги байналмилалӣ – Саммити «Осиёи Марказӣ – Россия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 9-10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе далели равшани ин гуфтаҳост. Ин ду чорабинӣ, ки бо иштироки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор мегарданд, Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсиву дипломатии минтақа ва ҷаҳони пасошуравӣ қарор медиҳанд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 8-уми октябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе истиқбол гирифта, шоми дӯстии ду давлат дар сатҳи баланд баргузор гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.