Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.
Инсоният садҳо ҷанги дохилии кишварҳо ва сарзаминҳоро ёд дорад, ки бо оқибатҳои бисёр даҳшатноку вазнин анҷом ёфтаанд. Зеро тарафҳои даргир проблемаҳои худро маъмулан бо роҳи зӯрӣ ва истифодаи силоҳ ҳал мекарданд. Бо назардошти ин омил, мо дар он айёми тақдирсоз дарк кардем, ки идомаи ҷанг ва муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва нобудии генофонди миллати тоҷик гардад.
Дар он рӯзҳои сахт таҷрибаи талхи давлати Сомониён ҳамвора пеши назар меомад. Он давра душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд. Дар натиҷа, давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст овард.
Бар асари фитнаҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд ва ин дафъа ҳам тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилиро дар сарзамини мо барафрӯзанд, халқамон аз бисёр чизҳо маҳрум монд. Яъне дар даврае, ки мардуми мо бо мухолифати мусаллаҳона саргардон буд, тақсими мероси давлати абарқудрати шӯравӣ идома дошт ва мо натавонистем, ки ҳиссаи қонунии худро соҳиб шавем.
Илова бар ин, кашондану аз қаламрави Тоҷикистон берун бурдани захираҳо ва воситаҳои моддию техникие, ки доштем, ҳамчунин аз касофати ҷанги таҳмилӣ буд.
Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ҷангу зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа рад намуда, роҳи осоиштаи музокирот ва гуфтушунидро барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне наҷоти миллат пеш гирифт. Зеро роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъ алтернатива надошт.
Роҳи сулҳ барои миллати тоҷик роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо модели тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокирот ба хотири сулҳу салоҳ гузаштҳо мекард, гаштаю баргашта сари мизи музокирот менишаст, фазои боварию эътимодро фароҳам оварда, сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳарифи сиёсиро меомӯхт.