Вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
Ин дастоварди бузургро на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки ҳамчун дастовард ва фахри тамоми миллат бояд пазируфт, зеро ки бо талошҳои пуршарафи Пешвои муаззами миллат ва аҳли ҷомеа, Тоҷикистон тавонист дар радифи аз байн рафтани хатари парокандагӣ ва нооромӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳро барқарор созад.