МИЗИ МУДАВАР ДАР МАВЗӮИ “ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДАИ ТАБИИ ВА ЗАРАРИ ОН БА ХОҶАГИИ ХАЛҚИ КИШВАР” 0 2 Мубодила кардан Тибқи нақшачорабиниҳои кафедраи “Мудофиаи шаҳрванди ва ОИҲ”саънаи 09.12.2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А” аз тарафи омӯзгорони кафедра “Мизи Мудавар” дар мавзӯи “Ҳолатҳои фавқулодаи табии ва зарари он ба хоҷагии халқи кишвар” гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани “Мизи мудавар” ин дар ҷараёни ҳолатҳои фавқулодаи табии ки дар манотиқи кишвар рух медиҳанд будани омӯзгорон ва ҳамзамон масъалаҳои мубрами рӯз будани холатҳои фавқулоддаи табии монанди кандашавии Пиряхи “Деҳдал” ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён, масъулиятшинос будан дар ҳама чорабиниҳои мудофиаи шаҳрвандӣ мебошад. Инчунин қайд карда шуд,ки таѓирёбии иқлим сабаби грмшавии ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоили таѓирёбии глобалии иқлим рабт дорад. Асосогузори сулху ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар масъали обу иқлим аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёд пайдо намуда ҳалли ин мушкилоти муҳимро дар мадди авали чомеаи ҷаҳони гузоштанд. Наметавон дар дунё давлат ё сарзаминеро пайдо намуд ки дар он масъалаи истифодаи самаранокии манбаҳои об ва ҳифзу нигаҳдории он боиси мушкилот нагардида бошад. Алҳол бинобар гармшавии глобали таназули пиряхҳо нисбат ба пайдоишашон суръати зиёдтар доранд. Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон бо ташабусҳои чандинкарата аз ҷумла эълон кардани соли 2025 ба ҳайси « Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо » ва доир намудани Конфоронси байналмилали дар Душанбе таваҷуҳи ҷаҳониро ба ҳифзи захираҳои оби ва пиряхҳо ҷалб намуд,барномаву стратегияҳои муҳим,аз қабили «Барномаи давлати ва омӯзиши ва ҳифзи пиряхҳо» ва «Стратегияи милли мутобиқшавӣ ба таъѓирёбии иқлим»-ро таҳия ва амалли намуданд, ки ба ҳали мушкилоти глобали об ва иқлим мусоидат мекунад. Убайдуллои Рустам Мудири кафедраи “Мудофиаи шаҳрванди ва ОИҲ”МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан