ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СОЗАНДА

0 1

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёси буда, барои таҳкими давлатӣ, соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки барои беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст фаъолият менамояд.

Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзоияш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани Истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Ин ҳизб, ки ҳизби созанда аст маҳалгарои, маҳалчиги, таасуби дини, зуроварӣ, экстремизм (ифротгарои) терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиноси ва ватанпарастиро асоси фаъолитяташ мешуморад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар анҷумани муассисон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳури 15 декабри соли 1994, таҳти рақами 1999 сабти ном шудааст.

Дар арафаи имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти милли 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе анҷумани 3 Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дода шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо хиради олии сиёси сифатҳои ҳамидаи ахлоқи ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амали гардонидани ғояҳои сиёси ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол сипари шуда, тӯли ин солҳо Тоҷикистони тозаистиқлол давраҳои пурпечутоби давлатдориро аз сар мегузаронд.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки онро Пешвои муаззами Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мекунад, мардумро ба озодию озодбаёни даъват мекунад. Мақсади ин ҳизб таъмини арзишҳои соҳибихтиёрӣ, умумимиллӣ, озодбаёни, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳизбе мебошад, ки ҳар як аъзои худро барои фаъолият баҳри пешрави, ободонӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳанги роҳнамои мекунад.

Шиори ин ҳизби созанда “Барои ваҳдати милли, сулҳу ороми, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати начандон тулонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст ва дар тули 30 соли ҳукмронии ҲХДТ дар саросари кишварамон дигаргуниҳои бузурге ба амал омадааст, ки чор маротиба дар интихоботи Президенти дастболо гаштааст. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як аъзову ҷонибдорони ҳизб аст, ки ҳамаи дастоварҳои имрӯзаи кишварамон натиҷаи амали гардидани барномаи ҲХДТ мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллали ҳамчун давлати соҳибмаърифат, соҳибфарҳанг ва ташаббускор мешиносанд.

Нуфузу эътибори ҲХДТ обру ва маҳбубияти роҳбари хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳар як сокини мамлакат онро хуб дарк менамояд.

Санаи 10 уми декабри соли 2025 аз таъсисёбии ҲХДТ 31 сол пур мешавад. Ҳизби мо дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбари маҳбубу муаззами хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар дорад, ва рисолати мо аъзоён ин ҳизб аз он иборат аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии кишварамон ҳамеша бо халқ бошем ва ғояҳои асосии давлатдорири дар байни оммаи халқ фаъолона тарғибу ташвиқ намуда, вазифаи худро сарбаландона ба ҷо биёрем

ЗАМИРА САЛИМОВА

Раиси шурои кор бо занон ва оилаи МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.