Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуллозода Ҷ.А. аз 27 марти соли 2025, №177 санаҳои 7 – 8 моҳи майи соли 2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Олимпиада байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз фанҳои тахассусӣ баргузор гардид.
Олимпиадаи васеъмиқёси тахассусӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои тиббии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои тахассусии кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ ва кори табобатӣ, ки санаи 7 – 8 майи соли 2025 баргузор гардид. Лозим ба ёдоварист, ки Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Давоми ду рӯз донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ аз манотиқи мухталифи кишвар байни худ рақобат намуда, маҳорати баланди касбӣ ва садоқат ба соҳаи худ нишон доданд.
Дар Олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А. иштирок намуда, 3 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои сеюм ва ифтихорӣ гардида, бо “Диплом” ва “Ифтихорнома” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Аз рӯи ихтисоси кори момодоягӣ:
ҷойи сеюм (Диплом дараҷаи III): Маҳмадаминова Фароғат
донишҷӯи факултети кори момодоягӣ;
Аз рӯи ихтисоси кори табобатӣ:
ҷойи сеюм (Диплом дараҷаи III): Раҷабова Амина донишҷӯи факултети кори табобатӣ;
Аз рӯи ихтисоси кори табобатӣ:
ҷойи ифтихорӣ (Ифтихорнома): Наботова Парвина донишҷӯи факултети кори табобатӣ;
Маъмурияти коллеҷ самимона ба омӯзгороне, дар омода намудани ин донишҷӯёни фаъол саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос ва миннатдорӣ менамояд.
РАЁСАТИ КОЛЛЕҶ