ВОХӮРИ БО КУРАТОРОНИ ГУРУҲҲОИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСА 0 2 Мубодила кардан Саннаи 08.12.2025 то 09.12.2025 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» дар факултетҳои «Кори табобатӣ», «Кори Ҳамширагии (синфи 9)», «Кори Момоӣ», «Кори «Фарматсевтӣ», «Кори Дандонсозӣ» ва факултети «Кори Ҳамширагӣ» бо роҳбарони гуруҳҳои кӯратори вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ Ҷонишини директор оид корҳои илмӣ ва муносибатҳои байналмилаллӣ дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Аламхонова Санавбар, Раиси шурои кор бо занон ва оилаи муассиса Салимова Замира, Сармутахассиси шуъбаи тарбия Фақеров Бахтиёр ва деканону роҳбарони гуруҳҳои таълимӣ иштирок доштанд. Ҷонишини директор оид корҳои илмӣ ва муносибатҳои байналмилаллӣ дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки мақсади асосии ин вохӯрӣ бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар гуруҳҳои кураторӣ мебошад. Мо омӯзгорон тарбиятгари насли наврас мебошем ва бояд онҳоро таълиму тарбияи дуруст диҳем. Сарҷамъона бо як дили соф ва бо виҷдони пок кор ва фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро барои тарбияи насли наврас гузорем. Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Аламхонова Санавбар аз рӯи якчанд масъала баромад намуда, қайд намуданд, ки пушидани сару либоси намунави аз тарафи омӯзгорони муассиса бо мақсади иҷрои дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён. Омӯзгороне, ки дар хобгоҳи муассиса навбатдор гузошта шудаан дар вакти навбатдории худ аз ҳолу аҳволи донишҷӯдухтароне, ки хобгоҳи муассиса истиқомат мекунанд хабадор шаванд ва ҷараёни навбатдориро ҷоннок намоянд. Дар тарбия намудани ҷавонон бо шуъбаи тарбия ҳамкорӣ намуда, вобаста ба ин кори тарбияро ба волидайни донишҷӯён ба роҳ монда, бо онҳо доимо дар алоқа бошанд. Дар мувофиқа бо деканони факултетҳо соатҳои тарбиявии худро сари вақт дар ҷадвалҳои дарсӣ гузоранд. Омӯзгорони азиз ҳангоми гузаронидани соатҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни худ аввалан дар масъалаи одоби салом ва муошират, рафтору кирдори намунавӣ доштанашон, бо сару либоси тавсиявӣ ба муассиса ворид шудани онҳо, бо сатру ҳиҷоб дар дохили шаҳр ва гирду атрофии муассиса нагаштан, дар гирду атрофии муассиса ва дар рафти дарсҳо телефонҳои мобилии худро истифода набаранд, ва талаботу супоришҳое, ки аз тарафи роҳбарияти муассиса ба онҳо гузошта мешавад, сари вақт ва бе чуну чаро иҷро намоянд. Ба мудирони кафедраҳо супориш дода шуд, ки нақшаҳои кори оид ба гузаронида дарси гушоди тарбиявиро ба ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон пешниҳод намуда ва аз рӯи нақшаи тартибдодашуда дарсҳои кушоди тарбиявии худро гузаронанд. Ҳаммаи ин масъалаҳое, ки барраси карда шуданд ба пешравии кори шуъбаи тарбия таъсири мусбӣ мерасонад. Бояд тазаккур дод, ки мо омӯзгорон тарбиятгари насли навраси тоҷик мебошем, бояд онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва дӯст доштани марзу буми ватани азизамон тарбият намоем, чун, ки онҳо ояндасозӣ ин ватани биҳиштосо Тоҷикистони маҳбуб мебошанд. Малоҳати Қурбон Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 2 Мубодила кардан