УСТУВОРИВУ ПОБАРҶО МОНДАНИ ДӮСТИИ МАРДУМИ ТОҶИК, ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ

0 1

     «Таърих нишон медиҳад, ки зиндагии якҷоя дар фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддун омили ба ҳам наздик шудани халқҳои мо шудааст. Гузаштагони мо дар рушди илм, назм ва насри ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд”.

                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Дӯстию бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ байни халқу миллатҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими танзимкунандаи амну осоиш ва оромии ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ин масъала эътибори махсус дода, бо тамоми мамлакатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.

Санаи 31 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар тули қарнҳо, тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоди мутақобил ва ҳамкорӣ умр ба сар бурда, анъанаи куҳанбунёди дӯстиву рафоқатро ҳифз намудаанд. Омилҳои таърихӣ, иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бо ҳам пайваста, дар шароити муосир ҳамкориҳои судманд боз ҳам қавитар мекунанд.

Дар даврони Истиқлолият, равобити миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Рӯзҳои 31-уми марти соли 2025, Тоҷикистон мизбони як рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид – мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳо, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров иштирок намуданд.

Барои мо тоҷикон робитаҳои дӯстона ва мустаҳкамии абадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ба манфиатҳои мардуми ҳар се кишвар нигаронида шудааст. Тоҷикистон бо ҳама душвориҳои дохилии оғози соҳибистиқлолияш нигоҳ накарда, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ фаъолона ва вусъвати бештар амал менамояд, ки ин ба афзӯдани нуфӯзу эътибори байнанхалқии он мусоидат мекунад. Халқи шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ҳамеша дар кӯшиши он аст, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки дар дигар давлатҳо низ сулҳу дӯстӣ барқарору ҳукмрон бошад. Халқи бомаърифати тоҷик ҳамеша ба дигар халқу миллатҳо паёми дӯстӣ равон мекунад. Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳ бо мардуми Қирғизистон буданд.

Қирғизҳо ва тоҷикҳо на танҳо ҳамсоя, балки дӯстони наздик ва шарикони содиқ дар ҳама давру замон будаанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сахт ин ду миллат ба ҳамдигар кӯмак расонида, ҳамеша дастгирии якдигарро эҳсос намудаанд. Дӯстӣ ва самимияташон натанҳо дар муомилоти рӯзмарра, балки дар адабиёт, фарҳанг ва санъат низ таҷассум ёфтааст.

Дӯстии халқҳои қирғизу тоҷик натиҷаи таърихи муштарак, анъанаҳои ҳамсон ва эҳтироми мутақобила мебошад. Ин робитаҳои дӯстона асрҳо боз пойдор буда, дар шароити имрӯза низ аҳамияти худро гум накардаанд. Муносибатҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ду миллат собит месозанд, ки ҳамкории онҳо на танҳо дар гузашта, балки барои ояндаи равшан низ муҳим аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ аҳамияти муҳими вазифаҳои бунёдсози давлати тозабунёди Тоҷикистонро хуб эҳсос намуда, аз ҷумла таъкид намуда буд, ки «Раванди таърих ба дўши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт». Дар ин радиф борҳо дар ҳама сафарҳои кории худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсоякишварҳо таъкид месозанд, ки ин се ҳамсоякишвар тули садсолаҳо бо ҳам дӯстона зиндагӣ карданд ва бо ҳам равобити наздик доранд ҳеҷ қуввае наметавонад дӯстии ин халқҳоро барҳам занад.

Дар ин рӯз нигоҳи се халқ – тоҷику узбек ва қирғиз ки аз азал ҳамдаму ҳамхуну ҷон, дусту бародар, хешу ақрабо мебошанд, ба вохӯрии се дӯст, сарварони се мамлакати ҳамсоя нигаронида шуда буд.

Мо аз ин воқеъият натиҷа мегирем, ки Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайвандад.

Чуноне, ки дар вохуриҳои худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавқат Мирзиёев қайд намуданд халқҳои мо аз кадимулайём паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зиндагонӣ мекарданд ва ин анъанаҳои ҳамсоягиву муносибатҳои дуҷониба имрӯз бояд ба унвони як пояи маҳкаму устувор барои ҳамкорӣ бошад. Мо аз ҷониби худ барои робитаҳои пурбортарин ва ҳамаҷониба бо ҳамкорони бародари тоҷик омодаем. Санадҳои ба имзо расидаи байни кишварҳоямон баёнгари он аст, ки ду ҷониб ташнаи таҳкими робитаҳои дуҷониба, шона ба шонаи ҳам ниҳодану бо боварӣ гомҳои устувор бардоштан барои ба даст оврадан ва расидан ба марзҳои нави ҳамкориҳо мебошанд. Дар аснод орзуҳои қадимӣ, иродаву қотеъияти халқҳои бародари мо таҷассум ёфтаанд».

Устувориву побарҷо мондани дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ заминае гузошт, ки шоирону нависандагони мо дар асрҳои баъдӣ ин намунаи хуби инсонпарваронаро ба худ касб намуданд ва миёни шуарову нависандагони ду миллат муносиботи устувори адабиву фарҳангӣ ба миён омад. Аз зумраи суханварони тоҷик Хоҷа Осафӣ, Амир Шайх Суҳайлӣ, Дарвеш Нозуӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Камолиддин Биноӣ, Асирӣ, Фахрии Рӯмонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Садриддини Айнӣ ва адибони ӯзбек Амирӣ, Яқинӣ, Машраб, Нодирбегим, Анбар Отун, Дилшоди Барно, Муқимӣ, Фурқат, Завқӣ, Ҳамза, Фитрат анъанаҳои зуллисонайниро идома доданд, ҳамдастию ҳамкориро ба пардаҳои баланд бардоштанд, ҷилои нав бахшиданд. Ин ҳамдастию ҳамкорӣ алҳол низ чӣ дар адабиёт ва чи дар дигар ҷодаҳои рӯзгори халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои нав пайдо мекунад.

Баъди соҳибистиқлол гаштани қирғизу тоҷик ин давлатҳо аз 14 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатро барқарор намуда фаъолиятҳои сафоратҳои худро дар шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек оғоз намуданд.

Дар гузаштаи начандон дур абармардони фарзона Мирзо Турсунзодаву Чингиз Айтматов тараннумгари сулҳу ваҳдат ва дӯстии халқҳо буданд. Айни ҳол дар Қирғизистон тоҷикони зиёде ва дар Тоҷикистон қирғизон низ умр ба сар мебаранд. Ду миллати бародар ба якдигар оила барпо намуда, решаи ҳамбастагиро қавитар намуда, аз кори фаъолияти якдигар баҳрабардоранд.

Бинобар ин орзуву умед ва ормонҳои халқи тоҷику ӯзбек ва қирғиз ин ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, таҳаммулгароӣ ва сулҳу субот мебошад. Зеро халқи тоҷику ӯзбек ва қирғиз хуб медонанд, ки дар кишвари обод, осоиштаву ором зистану кору фаъолият кардан, ба ҷомеа манфиат овардан ин орзуи азалии ҳар як инсони покдилу солимақл мебошад.

Нуруллоева Сарвиноз Аҳматуллоевна

Муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.