ТАЪСИРИ МУҲИТИ СОЛИМИ ПСИХОЛОГӢ БА ҲАЁТИ ЭМОТСИОНАЛИИ КӮДАКОН

0 0

Дар замони имрӯза рушди хусусиятҳои психологии шахсияти кӯдакон ба мисли ҳаёти эмотсионалии онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва доимии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои беҳтар кардани муҳити муосири таълимию тарбиявии кӯдакон аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои бисёр ба харҷ дода мешаванд. Тавассути бештар намудани шумораи боғчаҳои кӯдакон шумораи бештари кӯдакони синни томактабиро ба таълиму тарбия ҷалб карда мешаванд. Зеро, дастовардҳои илмӣ нишон медоданд, ки ташкили дурусти таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ дар боғчаи кӯдакон боиси рушд намудани сифатҳои беҳтарин дар шахсияти насли наврас мешавад.

Мутахассисони соҳибмаълумоти боғчаи кӯдакон бо истифода муҳити солими психологӣ қдир мешаванд ба ҳаёти эмотсионалии насли наврас таъсири муфид расонда, дар кӯдакони хислатҳои мусбии психологиро ташаккул диҳанд.

Ҳаёти эмотсионалии кӯдакон шакли махсуси инъикос намудани олами иҳотакарда аз тарафи кӯдак буда, ифодакунандаи муносибати кӯдак нисбат ба атрофиён ва олами воқеӣ мебошад. Тавассути узвҳои ҳиссии кӯдак ҳар замон аз олами иҳотакарда ахборотҳои зиёдеро мегирад ва ин маълумотҳо дар якҷоягӣ тасаввуротҳои кӯдак оид ба олами иҳотакарда мебошанд.

Афсонаҳои шунидашуда, ҳодисаҳо, ҳар як образе, ки кӯдак ба хотир мегираду бахотир меорад ва дар бораи онҳо андеша мекунад ҳиссиётҳои гуногун (тарсу ҳарос, ташвиш, ғаму андуҳ, изтироб, ҳайрат, нобоварӣ ва дигар ҳолатҳои эмотсионалӣ) — ро ба вуҷуд меорад. Психологҳо ҳаёти эмотсионалии кӯдаконро омӯхта истода, онро ҳамчун шакли азсаргузаронии ҳиссиёт баҳо.

Аз тарафи дигар эмотсияҳои тарсу ҳарос, ранҷиш, ғаму андуҳе, ки аз шунидани афсонаҳои даҳшатовару асабхаробкунанда, кӯдакҳоро фалаҷ гардонида, ба вазъи саломатӣ ва таълиму тарбияи ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, рушди ҳаёти эмотсионалии кӯдакҳо вазифаи рӯзмарраи олимони соҳаи психология, сотсиология ва педагогика ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки мақолаи мазкур ба рушди ҳаёти эмотсионалии кӯдакон дар шароити муҳити солими психологӣ равона шудааст, ки барои ҳар як фарди ҷомеа манфиатбахш мебошад.

Ҳаёти эмотсионалӣ намуди махсуси аз тарафи кӯдакон инъикос намудани олами воқеӣ ва афсонаҳои бахотиргирифта буда, муносибати кӯдаконро нисбат ба олами иҳотакарда ва мазмун ва мундариҷаи афсонаҳои шунидаро ифода мекунад. Мувофиқи дастовардҳои психологӣ кӯдакон аз мазмун ва мундариҷаи афсонаҳои гушкардаашон, аз муошират ва муносибати одамони иҳотакарда ҳар замон ахборотҳои зиёдеро мегирад ва ин маълумотҳо кӯдаконро бефарқ намегузоранд. Ҳар як образу ҳодисаҳое, ки кӯдакон аз афсонаҳо ба хотир мегираду онҳоро аз нав ҳосил карда, дар бораи онҳо фикр мекунад ҳиссиётҳои бешумори (тарсу ҳарос, ғаму андуҳ, ҳайрат, нобоварӣ, шарму ҳаё, асабонӣ ва дигар эмотсияҳо) -ро ба вуҷуд меорад.

Дар бавуҷудоии образҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои бахотиргирифта, эмотсия ва фаъолияти ҷоришавии онҳо дар кӯдакон нақши нутқ хеле муҳим аст. Ҳангоми суханрони ҳаёти эмотсионалии кӯдак зоҳир мешавад, ки ҳиссиёту эмотсияи ӯро дигарон фаҳмида мегиранд.

Дар синни томактабӣ дар мазмун ва намудҳои ҷоришавии ҳаёти эмотсионалии кӯдакон тағйиротҳои муайян ба вуҷуд меояд. Ҳиссиёту эмотсияҳои пештар азсаргузаронидаи кӯдак (ҳисси қаноатмандӣ аз шунидан ва шинос шудан бо мазмун ва мундариҷаи афсона, ҳамҳиссӣ ба қаҳрамонҳои афсона) устувор, равшан, ҳархелаю рангоранг мешавад. Ҳатто, ҳиссиёту эмотсияи ҳамҳиссӣ ба дилсузию рафоқат ва ба намуди ибтидоии инсондустӣ ва муҳаббат ба атрофиён сабзида мерасад.

Мувофиқи таҳқиқотҳои психологӣ дар синни томактабӣ дар ҷараёни шунидани афсона ва шинос шудан бо мазмун ва мундариҷаи афсонаҳои тарбиякунанда ҳиссиёту эмотсияҳои наве, ки то ин вақт мушоҳида намешуд ба монанди ҳиссиётҳои олӣ: ақлӣ, ахлоқӣ, зебоипарастӣ пайдо мешаванд.

Ҳаёти эмотсионалии кӯдакон ҳангоми шунидани афсона ва шинос шудан бо мазмун ва мундариҷаи афсонаҳои тарбиякунанда, аз ёд кардани шеър, тамошои барномаҳои телевизонию филмҳои тасвирӣ, сайругашт дар табиат, тамошои боғи ҳайвонот, дар рафти машғулиятҳои таълимии боғчаи бачаҳо ва ғайра вусъат меёбад. Гарчанде, ки кӯдакон мазмуни афсонаю ҳикояи шунидаашонро ба пуррагӣ дарк накунанд ҳам, дар рафти шунидани он бо калонсолон суҳбати нутқӣ барқарор мекунанду аз ин муносибату муошират қаноатмандиро ҳис мекунанд. Бинобар ин бештари кӯдакон аз муррабияҳо ва волидонашон хоҳиш мекунанд, ки як афсонаю ҳикояро барояшон такрор ба такрор нақл кунанд.

Кӯдакони синну соли томактабӣ ва омодагӣ ба мактаб ба мазмуни афсонаю ҳикоя, ҳикояи шунидаашон сарфаҳм мераванд, онро аз нав нақл карда, ҳамҳиссу ҳамдарди қаҳрамонҳои афсона мешаванду тақдири каҳрамонҳо кӯдаконро бе фарқ намегузорад.

Дастовардҳои илми психология нишон медиҳанд, ки дар синни томактабӣ таваҷҷӯҳи маърифатии кӯдакон нисбати ҳаёти ҳайвону паррандаҳо, хазандаҳо зиёд мешавад. Дар қиёс ба кӯдакони хурдсол, ки ҳангоми бо ҳайвону паррандаҳо шинос шудан ба ҳаракату рафторҳои онҳо хисси таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, таваҷҷуҳи кӯдакони синни томактабиро намуд, сохти аъзои бадан ва овозу амали хӯроккобии онҳо ба худ ҷалб мекунад. Кӯдакони синнусоли томактабӣ кӯшиш мекунанд, ки нисбати ҳайвону паррандаҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд, ба онҳо дон диҳанду барояшон лонаю хона созанд.

Ҳаёти эмотсионалии азсаргузаронидаи кӯдакон дар саволҳои бешумори онҳо зоҳир мешавад. Онҳо тавассути афсонаҳои тарбиякунанда (ба мисли афсонаи “Бузаки ҷингилапо”, “Се харгӯшак” ва ғайра дар бораи ашёю ҳодисаҳои олами иҳотакарда, хусусияти ҳайвону паррандаҳо, растанию ҳодисаҳои табиат маълумотҳои нав гирифта, дониш, тасаввурот ва ҷаҳонбиниашонро бой мегардонанд.

Дар баробари ин, мазмун ва мундариҷаи афсонаҳои характери тарбиякунандадошта ба вусъати ҳаёти эмотсионалии кӯдакон таъсири муҳим мерасонад. Асосан афсонаҳое, ки дар ибтидои онҳо қаҳрамонҳои манфӣ нисбати дигарон зулму ситам мекунанд, вале дар интиҳо қувваҳои адолатхоҳ, қаҳрамонони мусбии афсонаҳо бо кӯшишу ғайрати худ, бо меҳнату фаъолии худ, бо меҳру муҳаббати инсонии худ, бо дӯстию рафоқати худ қодир шуда, ғолиб мебароянд. Ин гуна мазмун ва мундариҷаи афсонаҳоро шунида, дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ба мислӣ нотарсӣ, боғайратӣ, меҳнатдӯстӣ, фаъолӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва ғайраро ташаккул медиҳанд.

Барои ташкили дурусти илмии раванди таълиму тарбияи кӯдакони синну соли томактабӣ ва ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ба мислӣ нотарсӣ, боғайратӣ, меҳнатдӯстӣ, фаъолӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва ғайра ташаккул дода шавад. Барои ба ин мақсади гузошташуда расидан афсонаҳое интихоб карда шуданд, ки мазмун мундариҷаи онҳо диққатҷалбкунанда ва ташаккулдиҳандаи хислатҳои мусбии психологӣ ба мислӣ нотарсӣ, боғайратӣ, меҳнатдӯстӣ, фаъолӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва ғайра шаванд. Аз тарафи дигар, дар раванди мащғулиятҳои тарбиявӣ – афсонахонӣ аз муррабияҳо хоҳиш карда шуд, ки танҳо ба воситаи муоширати руҳбаландкунанда ва таърифнамоӣ диққати кӯдаконро ба машғулият ва мазмуни афсонаҳои хондашаванда ҷалб намоянд.

Ҳамин тавр, бо мақсади зоҳирнамоии ҷараёни вусъатёбии ҳаёти эмотсионалии кӯдакон рӯ ба методҳои омӯзишии психологӣ оварда шуд. Боиси қайд аст, ки бо истифода аз ҳаргуна метод мо наметавонем, ҳаёти эмотсионалии кӯдаконро таҳқиқ намоем, зеро онҳо имконияти хондани саволҳои гузошташударо надоранду ба саволҳо ҷавоби дуруст дода наметавонанд. Ҳамин тавр, истифодабарии методи озмоиш, анкета ва тестҳо як қатор мушкилиро пеш меоварад, зеро кӯдакон то ба дараҷаи зарурӣ омода нестанд, ки ҳар гуна тестҳоро иҷро намоянд. Бинобар ин, ягона методе, ки ба дараҷаи зарурӣ имкон медиҳад ҳаёти эмотсионалии кӯдакон таҳқиқ карда шавад, ин методи мушоҳида мебошад.

Барои хулосабардории дуруст намудан аз натиҷаи ҳама гуна омӯзиш дар илми психология аз усули таҳлилу таркиби сифатӣ ва миқдорӣ истифода мебаранд. Барои таҳлилу таркиби сифатӣ ва миқдорӣ намудан бояд малумоти муайяне доир ба зуҳуроти ҳодисаи мушаххаси психикӣ пайдо карда шавад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми мушоҳида зуҳуроти ҳодисаҳои психикӣ, ба мисли вусъатёбии ҳаёти эмотсионалии кӯдакон дар рафтори онҳо ба қайд гирифта мешаванд. Вобаст ба ҳолате, ки дар он методи мушоҳида истифода мешавад ва мақсади мушоҳида аз тарзҳои гунонуни қайди маълумот истифода мебаранд.

Дар асоси ба инобат гирифтани талаботҳои методи мушоҳида, бо назардошти барномаи тартибдодаи таҳқиқотӣ, инчунин бо мақсади мушоҳида намудани раванди вусъатёбии ҳаёти эмотсионалии кӯдакон дар боғчаи бачаҳои шаҳри Кӯлоб омӯзиш гузаронида шуд. Барои ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ба мислӣ нотарсӣ, боғайратӣ, меҳнатдӯстӣ, фаъолӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва ғайра ташаккул дода шавад. Барои ин афсонаҳое интихоб карда шуданд, ки мазмун мундариҷаи онҳо диққатҷалбкунанда ва ташаккулдиҳандаи хислатҳои мусбии психологӣ шаванд. Аз тарафи дигар, дар раванди мащғулиятҳои тарбиявӣ – афсонахонӣ аз муррабияҳо хоҳиш карда шуд, ки танҳо ба воситаи муоширати руҳбаландкунанда ва таърифнамоӣ диққати кӯдаконро ба машғулият ва мазмуни афсонаҳои хондашаванда ҷалб намоянд.

Ҳамин тавр, барои нишон додани раванди вусъатёбии ҳаёти эмотсирналии кӯдакон матлаб гузошта шуд, ки омӯзиши эксперименталӣ дар моҳҳои сентябр ва октябри соли 2024 ва февралу марти соли 2025 гузаронида шавад. Мувофиқи барномаи мушоҳида дар мадди аввал таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдакон дар ҳолатҳои эмотсионалии ҳархела (хурсандӣ мекунад, ғаму андуҳгин мешавад, ҳамҳиссӣ мекунад ва ғайра) қарор дорад» равона гардид.

Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум карда шуд, ки дар ибтидои омӯзиш танҳо 32,1 % кӯдакон метавонистанд, ки вобаста аз ҳолат дар ҳолатҳои эмотсионалии ҳархела қарор дошта бошанд: хурсандӣ кунанд, ғаму андуҳгин шаванд, ҳамҳиссӣ зоҳир намоянд ва ғайра. Масалан, дар ҳолати хурсандӣ шодӣ менамуданд, дар ҳолате, ки боиси ғаму андуҳгинӣ аст, нороҳат мешуданд ва агар ягон кӯдак ашкрезонӣ кунад, вайро ором карда, ҳамҳиссӣ мекарданд.

Дар давоми шаш моҳи оянда дар боғчаи бачаҳо бо истифода аз муҳити солими психологӣ раванди тарбия тағир дода шуд, яъне тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ташаккул дода шуд. Ҳамин тавр, дар қисмати дуюми омӯзиши равнақдиҳанда моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти кӯдакон (58,7 %) метавонистанд, ки вобаста аз ҳолат дар ҳолатҳои эмотсионалии ҳархела қарор дошта бошанд: хурсандӣ кунанд, ғаму андуҳгин шаванд, ҳамҳиссӣ кунанд ва ғайра. Дар охири омӯзиши равнақдиҳанда кӯдаконе пайдо карда нашуданд, ки ҳолатҳои эмотсионалии онҳо ҳамеша якранг бошад: ё ҳамеша хурсандӣ мекарданд, ё гиряи ягон кӯдакро дида, ба ӯ ҳамҳиссӣ зоҳир мекарданд ва ғайра. Ин ҳама маълумотҳо нишон медиҳанд, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон ва тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтани кӯдакон, онҳо аз нигоҳи ҳаёти эмотсионалӣ вусъат ёфтанд.

Мувофиқи барномаи таҳқиқотӣ дар мадди дуюм ба масъалаи «Кӯдак бо дигар кӯдакони боғчаи кӯдакон суҳбат мекунад, тайёр аст, ки ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро диҳад, ба кӯдакони дигар ёрӣ медиҳад, агар атрофиёнаш ғаму андуҳгин бошанд, тасалло медиҳад» равона шуд.

Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш, яъне дар моҳи сентябри соли 2025 танҳо 30,1 % кӯдакон тавонистанд, ки бо дигар кӯдакони боғчаи кӯдакон суҳбат кунанд, тайёранд, ки ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро диҳанд, ба дигар кӯдакони боғчаи кӯдакон ёрӣ диҳанд, агар яке аз онҳо ғаму андуҳгин бошад, тасалло диҳанд.

Дар давоми шаш моҳи оянда дар боғчаи бачаҳо бо истифода аз муҳити солими психологӣ раванди тарбия тағир дода шуд, яъне тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ташаккул дода шавад. Ҳамин тавр,дар қисмати дуюми омӯзишамон моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (61,8 %) метавонистанд, ки бо дигар кӯдакони боғчаи кӯдакон суҳбат кунанд, тайёранд, ки ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро диҳанд, ба дигар кӯдакони боғчаи кӯдакон ёрӣ диҳанд, агар онҳо ғаму андуҳгин бошанд, тасалло медоданд. Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки бо дигар кӯдакони боғчаи кӯдакон суҳбат накунанд, ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро надиҳанд, ба дигарон ёрӣ надиҳанд, агар дигар кӯдакони боғчаи кӯдакон ғаму андуҳгин бошанд, тасалло нарасонанд. Ин ҳама маълумотҳо нишон медиҳанд, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон ва тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтани кӯдакон, онҳо аз нигоҳи ҳаёти эмотсионалӣ вусъат ёфтанд.

Мувофиқи барномаи таҳқиқоти вусъатдиҳандаи ҳаёти эмотсионалии кӯдакон дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдак ба тартибот ва дастурамалҳо риоя мекунад, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон намедиҳад» равона шуд.

Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш 43,1 % кӯдакон метавонистанд, ки тартибот ва дастурамалҳоро риоя кунанд, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон намедоданд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо буданашон ва тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ташаккул дода мешуд, тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзиш моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (86,3 %) метавонистанд, ки тартибот ва дастурамалҳоро риоя кунанд, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон надиҳанд. Дар охири омӯзиши вусъатдиҳанда кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки тартибот ва дастурамалҳоро риоя кунанд, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон диҳанд. Ин ҳама маълумотҳо нишон медиҳанд, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон ва тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтани кӯдакон, онҳо аз нигоҳи ҳаёти эмотсионалӣ вусъат ёфтанд.

Мувофиқи барномаи таҳқиқоти вусъатдиҳанда дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдак кунҷкоб аст, бозичаҳои нав, китобча ва бозиҳо таваҷҷуҳи ӯро ҷалб мекунанду хурсанд мешавад, ӯ саволҳо медиҳад» равона шуд.

Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш, яъне моҳи сентябри соли 2024 танҳо 46,8 % кӯдакон кунҷкобанд, бозичаҳои нав, китобча ва бозиҳо таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб мекунанду хурсанд мешаванд, онҳо саволҳо медиҳанд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми таҳқиқоти вусъатдиҳанда моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (62,3 %) кӯдакон кунҷкобанд, бозичаҳои нав, китобча ва бозиҳо таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб мекунанду хурсанд мешаванд, онҳо саволҳо медиҳанд. Маводҳои бадастоварда нишон медиҳанд, ки баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон ва тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтани кӯдакон, ҳаёти эмотсионалиашон вусъат ёфт.

Мувофиқи барномаи таҳқиқоти вусъатдиҳанда дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Табъи кӯдак хуш аст, таваҷҷуҳашро мутамарказ карда метавонад, ба ӯ муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан осон аст» равона гардид.

Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум шуд, ки дар ибтидои омӯзиш, яъне моҳи сентябри соли 2024 танҳо 21,8 % кӯдакон табъи хуш доранд, таваҷҷуҳашонро мутамарказ карда метавонанд, ба онҳо муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан осон аст.

Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо буданашон ва тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзишамон моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (62,2 %) табъи хуш доранд, таваҷҷуҳашонро мутамарказ карда метавонанд, ба онҳо муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан осон аст. Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки табъи онҳо хуш набошад, таваҷҷуҳашон парешон бошад, ба онҳо муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан душвор бошад. Ин ҳама маълумотҳо нишон медиҳанд, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон ва тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтани кӯдакон, онҳо аз нигоҳи ҳаёти эмотсионалӣ вусъат ёфтанд.

Мувофиқи барномаи мушоҳида дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдак ҷангҷуй нест, аз нокомиҳои дигарон хурсанд намешавад, дигар кӯдаконро озор намедиҳад» равона шуд.

Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш 43,8 % кӯдакон ҷангҷуй нестанд, аз нокомиҳои дигарон хурсанд намешаванд, дигар кӯдаконро намезананд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзиш моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда нашуд, ки ақалияти онҳо (65,3 %) ҷангҷуй нестанд, аз нокомиҳои дигарон хурсанд намешаванд, дигар кӯдаконро намезананд. Ин ҳама маълумотҳо нишон медиҳанд, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон ва тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтани кӯдакон, онҳо аз нигоҳи ҳаёти эмотсионалӣ вусъат ёфтанд.

Дар мадди дигар таваҷҷуҳи таҳқиқот ба масъалаи «Кӯдак ором аст, бе асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба осонӣ интизор шуда метавонад» равона шуд.

Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш, яъне моҳи сентябри соли 2024 танҳо 26,2 % кӯдакон ором мебошанд, бе асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба осонӣ интизор шуда метавонанд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо буданашон ва тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзиш моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (65,3 %) ором мебошанд, бе асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба осонӣ интизор шуда метавонанд. Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки ором нестанд, бо асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба душворӣ интизор шаванд. Ин ҳама маълумотҳо нишон медиҳанд, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон ва тавассути афсонахонӣ тарбия гирифтани кӯдакон, онҳо аз нигоҳи ҳаёти эмотсионалӣ вусъат ёфтанд.

Мушоҳидаҳои карда шуда ва таҳлилу таркиби маводҳои бадастоварда нишон медиҳанд, ки дар давоми шаш моҳи омӯзиши гузаронидашуда кӯдакони дар боғчаи бачаҳо дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон аз нигоҳи ҳаёти эмотсионалӣ ва иҷтимоӣ рушд ёфтанд. Ин ҳама маълумотҳои бадастоварда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеа қодир аст, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ ва афсонахонӣ ҳаёти эмотсионалии кӯдаконро вусъат диҳад.

ҲУСАЙНОВ Файзалӣ Раҳмонович-омӯзгори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.