ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ КОЛЛЕҶ БО ДОНИШҶУЁНИ КУРСИ ЯКУМ

0 6

Аз саннаи 06-10-2025 то 08-10-2025 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» дар курсҳои якуми факултети кори момоӣ, кори дандонсозӣ ва кори фарматсевтӣ шиносои бо маъмурияти муассиса гузаронида шуд. Роҳбари муассиса Назарзода Ҷ.Ш., баромад намуда иброз доштанд, ки донишҷӯёни муҳтарам Шумо худ толеъбаланд ҳастед, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А” ба ҳайси донишҷӯ таҳсил намуда истодаед. Мақсади асосии шумо хондан, аз бар намудани илму маърифат тарбияи хуб гирифтан ҳамчун як ҳамшираи тиб дар соҳаи тандурустӣ шудан мебошад. Шумо худ ояндасози давлату миллати тоҷик ҳастед. Тоҷикистони азизу маҳбубамон дар дасти шумост кӯшиш намоед, ки як фарди пуршараф дар ҷомеаи муосир бошед. Мо маъмурияти Муасссиса талош бар он дорем, ки шумо ҷавонони даврони Соҳибистиқлолӣ дар кишвари тинҷ ором зиндагӣ намуда сарватҳо ва арзишҳои миллию маъдании кишварро ҳимоя намуда, ба қадри ин ободии сарзамини биҳишосо Тоҷикистон маҳбуб бирасед ва бо як баҳои хубу аъло интизоми намунавӣ муаасисаро хатм намуда номбардори ин ватани азиз бошанд.

Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯён, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ойину фарҳанги ниёгон ва таҳкими раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Вохӯрӣ дар руҳияи самимият ва муҳити созанда баргузор гардида, ба донишҷӯён низ дар навбати худ имкони ибрози андешаву пешниҳодҳо дода шуд.

Маъмурият

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.