• ҳангоми суҳбат бо телефони мобилӣ кӯшиш намоед, ки аз гӯшмонак (наушник) истифода баред!
• ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ аз як тарафи сар пайваста суҳбат накунед!
• дар хона ё ҷои кор агар шароит бошад аз телефонҳои симдор истифода баред!
Мусалам аст, ки ҳар як техника ва таҷҳизотҳое, ки имрӯз одамон барои пешбурди зиндагашон истифода мебаранд, дастурамале доранд ва риоя намудани он аз ҷониби истифодабарандагон зарур мебошад. Агар мо аз телефонҳои мобилӣ дуруст истифода бурда, қоида ва меъёрҳои муайяни истифодабарии онро риоя намоем, метавонем аз зарарҳои он дур бошем. Албатта, комилан даст кашидан аз истифодаи телефони мобилӣ осон нест, аммо барои он ки худро аз зарар эмин нигоҳ дорем, бояд фарҳанги истифодабарии онро риоя намоем.