МАВҚЕИ ПЕШОҲАНГӢ ДАР ҲАЁТИ СИЁСИИ КИШВАР 0 2 Мубодила кардан ҲХДТ, ҳамчун нерӯи бузургӣ сиёсӣ, аз байни халқ баромада барои манфиатҳои умум фаъолияти хешро амали мегардонад. Эмомалӣ Раҳмон Ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти сиёсии ҳар як давлат мавқеи худро доранд ваа метавонанд, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа нақши худро гузошта бошанд.Аммо мутаасифона наҳама ҳизбҳои сиёсӣ дар ин самт мувафақанд.Чунки аксари ин ҳизбҳо ба хотири қутратхоҳӣ, ки мутааассифона иродаи халқро аксар вақт сарфи назар мекунанд, бо ин хотир онҳо наметавонанд, ки эътирофи омма бошанд. Акнун чанд андешае оид ба воқеаҳои солҳои 90-уми ассри гузашта ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳилаи таърихӣ.Дар натиҷаи пошхурдани собиқ ИҶШС, Тоҷикистон дар қатори дигар Ҷумҳуриҳои иттифоқи ба марҳилаи соҳибистиқлолӣ ворид гашт. Бояд гӯфт. ки дар замони пасошуравӣ ҳизби коммунистӣ, ҳамчун ҳизбӣ ҳукмрон, фазои сиёсиро пурра дар ихтиёр дошт.Аммо ин ҳизби сиёсӣ дар солҳои аввалӣ барҳамхурдани сохти шуравӣ мақом ва эътиборӣ аз даст дода, наметавонист дар ҷомеа ҳамчун ҳизби пешбар боқи монад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи бӯҳрони шадидӣ соҳавӣ, Тоҷикистони тозаистиқлолро нобасомониҳои рӯзғор фарогир шуд.Кишвари азизамон Тоҷикистон дар вартаи хеле ҳалокатбор қарор дошт. Маҳз, идеологияи хосе метавонист, ки омилӣ муҳим дар сарҷамъии мардуми парокандашудаи кишвар бошад.Оре таъсиси ҳизби сиёсие лозим шуд, ки тавонад дар чунин вазъияти мураккаб барои кишвар, масъулияти бузургеро ба дӯш гирифта бошад. Ана дар ҳамин вазъи ҳасос ва сарнавиштсоз барои давлату миллат, Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ворииди майдони сиёсат шуд.Чуноне ки таърих шаҳодат медиҳад, заминаи асосии таъсисӣ ин ҳизби сиёсӣ аз Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад. ҲХДТ, аз рузҳои аввали таъсис ёфтанаш, ҳамчун ҳизби ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ фаҳҳолияти хешро амали месозад.Чуноне ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорам “ имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки ҳизби мо бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ташкил шуд ва ҳамчун зодаи даврони истиқлолу озодии кишварамон рушд кард. ” Маҳз бо ҳамин хотир ҲХДТ-ро ҳизби халқи меноманд. Воқеан ҲХДТ, ҳадафи асосиаш хизмат ба халқ мебошад.Маҳз ифтихори мо дар он аст, ки моҳияти мардуми доштан, созадагию бунёдкоронаи ин ҳизб аст, ки уро миёни мардуми кишвар ба таври шоиста муарифи карда аст.Бояд қайд кард, ки дар тули 31 соли фаъолияти бо маромаш нақши ҲХДТ, дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеа назарас мебошад. ҲХДТ дар тули ин солҳо тавонист, ки худро миёни дигар ташкилотҳои сиёсӣ, ҳамчун ҳизби пешоҳанг ва манфиатҷуи куллӣ қишрҳои ҷомеа муарифи созад.Тули ин солҳо ҳизби мо ҳамчун ҷуввае пешбарандаи ҷомеа, тавонист дар тадбиқи нақшаю барномаҳои давлату Ҳукумати ҷумҳури нақши созгор дошта бошад. ҲХДТ шиори асосиаш “барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” буда аз руи он фаъолият мекунад.Бояд гуфт ки ҲХДТ дар тули сиву як сол баъд аз таъссисёби бо кору пайкори ҳамаи ҳизбиён ба дастовардҳои бузург ноил шудааст.Фаъолияти ин ҳизби пешоҳанг дар ҳама бахшҳои ҳаётан муҳими кишвар назаррас мебошад. Вазифаҳои асосии ҲХДТ -дар бахши сиёсӣ; такмили соҳибистиқлолӣ, тақвият бахшидани низоми давлатдорӣ мусаҳкам кардани ваҳдату ягонаги ва якпорчагии кишвар. -дар бахши иқттисодӣ; рушди бемайлони бахшҳои асосии иқтисодӣ кишвар, баланд бардоштани истеҳсолӣ мааҳсуулоти дохили, бунёд ва барқаррор кардани кохонаҳои саноати, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат. -дар бахши иҷтимоӣ; таъсиси инфрасохттори иҷтимоӣ, хусусан ислоҳоти навсозии онҳо, беҳтар кардани шароити оилаҳои ниёзманд, дастгирии ятимону маъюбон. -дар бахши илму маориф; бунёди муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо, такмили касбинтихобкуни миёни наврасону ҷавонон, ҷалби наврасону ҷавонон ба забономӯзи сафарбарии ҷавонон ба муассисаҳои бонуфузи олии касбӣ ба кишварҳои хориҷи. Ин ва дигар корҳое, ки кумитаҳои ҳизбӣ анҷом медиҳанд, саҳми арзандаи ҲХДТ-ро дарр рушду пешрафти мамлакат арзёби мекунанд. Мо бовари дорем, ки ҲХДТ дар оянда ҳамчун қувваи пешоҳанги ҷомеа бо фаъолияти арзандааш, ояндаи неку шукуфони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард. НАЗАРЗОДА Ҷумахон Шамс Раиси КИ ибтидоӣ ҳизбии “Ворисони Сино”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 2 Мубодила кардан