УСТУВОРӢ ВА МАРДОНАГИИ МАРДУМИ ТОҶИК ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

0 1

Саҳарии 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Худи ҳамон рӯз иттифоқчиёни он, давлатҳои Италия, Финляндия, Венгрия ва Руминия ҳам ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд. Якбора ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ қувваи хело бузурги душман: 190 дивизияи иборат аз 5,5 млн нафар аскар ва афсарон, 3,7 хазор адад танк, қариб 5 ҳазор адад самалиётҳои ҷангӣ, зиёда аз 47 ҳазор адад тӯп ва минамётҳо нигаронида шуда буд. Душман, аз баҳри Сиёҳ то баҳри Балтик якбора ба ҳуҷум гузашт. Яъне Олмони фашистӣ на танҳо иқтидори ҳарбии худ ва иттифоқчиёнаш, ҳатто қувваи давлатҳои забтнамудаашро низ ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ равона кард.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳанӯз 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст.

Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Чунончӣ, Аҳмад Турдиевӣ тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шӯравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов» — и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.

Пӯшида нест, ки муҳарибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ аз болои аскарони шӯравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», самалиётҳои қиркунандаи «Фоке — Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба, 5 – 7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаеви қистакӯзӣ бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд. Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд. Вай бо яроқи танкзан якчанд мошинҳои душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.

Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд.

Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст. Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.

Маҳз дар натиҷаи муборизаи фидокоронаву қотеонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд.

Бинобар ин, ки ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра 9-уми майро ҳамчун санаи пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ ҷашн мегиранд.

Зеро ин ғалабаи бузург натиҷаи дӯстии халқҳо, муборизаи дастаҷамъона ва намунаи олии ватандӯстии халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан ва озодӣ мебошад.

Бо гузашти солҳо ва хусусан, дар шароити торафт вусъат гирифтани нооромиву бесуботӣ дар минтақаву кишварҳои мухталифи сайёра арзишу аҳаммияти он дар байни мардуми олам боло меравад.

Ин санаи дар ҳақиқат таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.

Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд.

Сентябри соли 1943 қӯшунҳои Шӯравӣ ҷангкунон дарёи Днепрро гузаштанд. 9 сентябр Сарфармондеҳи Олии ҳарбӣ (Ставка) ба фронтҳо дастур дода буд, ки мувофиқи он ҷанговари аз дарё аввалин гузашта ва дар соҳили дигар мавқеъ гирифта, барои унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда мешуданд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар байни ҷанговарон ба тарзи васеъ ташвиқ карда шуд. Ҷавобан ба он ҷанговарон далерию чолокӣ ношон дода, муқобилияти сахти душманро шикаста, ҷангкунон ба соҳили дигар гузаштанд. Дар ҳамин муҳориба 21 -нафар фиристодагони зерини Тоҷикистон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд: Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Тӯхтасин Мирзоев, Ӯрунбой Якибов, Иван Крумин, Алексей Лапшин, Михаил Панфилов, Пётр Кашпуров, Николай Аникин, Ховаджи Муҳаммадмирзоев, Константин Ходов, Виктор Барутин, Михаил Новоселсев, Анатолий Рудой, Александр Гордеев, Бакир Давлатов, Василий Бояркин, Еремей Данилян, Иван Двадненко ва Даниил Коржов.

Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор» — и ноҳияи Ашт, ӯзбекписар Тӯйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сӯрохии дзоти душманро махкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд.

Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.

Ҷомеаи мо имрӯз дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад.

Яъне таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон торафт густариш пайдо карда истодааст. Қувваҳои муайян имрӯз бо истифода аз нерӯ ва дигар воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути аъмоли террористиву ифротгароӣ, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин тавассути муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиш доранд вазъи дохилии давлатҳои мустақилро халалдор созанд.

Дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон оташи ҷанг аланга зада, дар натиҷа давлатҳои як вақтҳо орому босубот аз байн мераванд, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва миллионҳо нафар ватани аҷдодии худро тарк карда, дар қаламрави давлатҳои дигар сарсону саргардон мегарданд.

Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои нави ҷаҳонӣ — ифротгароии ҷангталаб ва терроризм, ки ба вабои аср табдил ёфтаанд, мебошад.

н.и.п., Маҳмудҳзода Қумринисо Нурали

Муовини директор оиб ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.