Занони бонуфуз дар баробари мардон ба Ватан содиқонаю софдилона хизмат намуда истодаанд. Бевосита он касбҳое, ки занон ва бонувони тоҷик интихоб кардаанд, бисёр ҳам пурифтихор аст ва аз онҳо шуҷоату матонат, ҳушёриву зиракӣ ва истеъдодро талаб мекунад, ин аз тавоноиву иродаи қавӣ доштани онҳо шаҳодат медиҳад.
Бо итминони комил гуфта метавонем, занону бонувоне, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кор ва фаъолият мекунанд, минбаъд низ дар амалисозию татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Мо, тоҷикон, ки барҳақ яке аз мамлакатҳои қадимаву соҳибмаърифати дунё ҳастем ва нақши тамаддунсози моро оламиён эътироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлӯи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кӯшоишҳо буданд ва барои озодиву истиқлолияти аҷдодӣ далерона талошу мубориза кардаанд.
Модари тоҷик Рӯдакӣ- султони мулки сухани Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро ҳамроҳ бо ҳамосаи мардонагии Фирдавсӣ, осори безаволу наҷотбахши Абуалӣ ибни Сино, ашъори пуршӯр, пур аз ишқу муҳаббат ва андарзи Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар фарзандони худро бо забони ширину гуворои тоҷикӣ ва нарму поки тоҷикона барои наслҳо хонд , аз боду борон ва газанди рӯзгор ҳифз карда, барои наслҳои оянда, аз ҷумла мову шумо ҳамчун мероси падар ва ворисонаш расонд.
Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ки орзуи деринаи аҷдодони мо, аз ҷумла занони бофарҳанг, озодидӯст, адолатҷӯ ва тараққихоҳи миллат буд, аз ибтидои ташаккулёбии худ ба хотири таъмини мақоми занон дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқҳои инсонию конститутсионии онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида ва тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро татбиқ карда истодааст. Чуноне Пешвои миллат дар Паёми худ ёдовар шуданд: «Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ҷалб карда шуданд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад».
Мардуми мо занро нуру чароѓи хонадон мегӯянд, ки беҳуда нест. Агар ба ин ҳикмат аз лиҳози иҷтимоӣ назар андозем, то кадом андоза аҳамият доштани саломатии зан- модар ҳам барои хонадон ва ҳам барои ҷомеа ва давлат равшан мегардад. Агар зан-модар саломатии хуб дошта бошад, хонадони мо ҳамон қадар пурнур ва корҳои аъзои оила пешрав мегарданд, ки ин омил дар навбати худ шарти муҳими осоиши ҷомеа мебошад. Аз ин хотир, саломатии занон муносибати ҷиддӣ ва эҳтиёткорона мехоҳад.