Зан-модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз аз қадимул айём аҷдодони мо ба ин олиҳои зиндагӣ арҷгузорӣ менамуданд.
Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо пеш аз ҳама худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.
Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.
Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.
Модар на танҳо офарандаи ҳаёт, балки асоси маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи Модар ҳамчун ҷашни давлатӣ бо фармони № 632 аз 6 марти соли 2009 «Дар бораи Рӯзи модар» эълон карда шудааст.
Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро низ месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо мебошад.”
Дар шароити муосир, таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ ва оилавӣ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, таҳкими мақоми модар дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани кафолатҳои ҳуқуқии модарон яке аз вазифаҳои асосии давлат ва ҷомеа мебошад.