ҚАДРДОНИИ ЯК ҚАТОР ОМӮЗГОРОН АЗ ТАРАФИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 4

    Дар натиҷаи амалисозии сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ хеле рушд намудаанд. Сол аз сол шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ бештар гашта, заминаи моддию техникӣ, кадрӣ ва бо ин васила сифати омодасозии мутахассисон беҳтар гаштааст. Ҳамаи ин пешравиҳо танҳо дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар муяссар гаштаст. Коллективи омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар самти рушди соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз он рӯҳбаланд гашта, ҳамеша баҳри баланд бардоштани дараҷаи тахассуснокии худ саъю талош менамоянд.

     Ҳоло дар коллеҷ 253 нафар омўзгорон фаъолият менамоянд, аз ин шумора 8 нафар унвони илмӣ доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ, 1 нафар номзади илмҳои таърих ва 1 нафар номзади илмҳои физика мебошанд.

   Заҳматҳои чандинсолаи омӯзгорони коллеҷро ба инобат гирифта, як қатори онҳо бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

   Аз ҷумла директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло бо нишони сарисинагии «Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Гиёев Тавар Расулович, сармутахасисси бахши идоракунии сифати таҳсилот бо нишони сарисинагии «Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Роҳбари Абдулқосим, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус бо «Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Абдураҳмонов Карим Ҷалилович, омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо «Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Бозорова Сайёҳат Сатторовна, мудири кафедраи тибби оилавӣ бо «Сипосномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Одинаева Гулнора Раҷабалиевна, омӯзгори калони кафедраи кори ҳамширагӣ бо «Сипосномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

    Аз номи аҳли коллективи омӯзгорони коллеҷ ба раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ сипоси беандозаи худро мерасонем ва минбаъд низ қавл медиҳем, ки фаъолияти худро дар самти омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ боз ҳам беҳтар гардонида, баҳри ободию гулгулшукуфоии ватан меҳнат мекунем.

Аҳли коллективи омӯзгорон

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.