СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ҲИФЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

0 2

Болоравии ҳувият ва худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандории мардум, алалхусус, наврасону ҷавонони мо дигар дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол озодии мутлақи сиёсӣ дар ҳифзи фарҳанг, забон, таърих, арзишҳои миллӣ ва масири ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик ва имконияти рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Маҳз бо истиқлол метавон дар самтҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо пешрафт кард.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сию чор сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон дар роҳи истиқлолият роҳи осонеро тай накардааст. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари тозаистиқлол бо мушкилоти сангини сиёсиву иқтисодӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳронҳои шадид рӯбарӯ шуд. Аммо дар паси ҳамаи ин сахтиҳо, иродаи мустаҳками мардум ва раҳбарияти хирадманди он меистод. Бо раҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар тавонист аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад ва ба роҳи суботи сиёсӣ ва рушди босубот ворид гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлол кӯшиш намудааст, то дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин барои таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии мамлакат шароити хуб муҳайё созад. Муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба даст омадаанд,: давлатдории миллӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, Истиқлоли давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, сиёсати хориҷии кишвар, рушди маориф ва ғайра мебошанд.

Дар шароити истиқлол давлати тоҷикон бо кишварҳо ва созмонҳо ба таври мустақилона ҳамкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, аз таҳдидҳо муҳофизат карда, мавқеи худро устувор нигоҳ доштааст.

Истиқлол ба давлат имконият дод, ки сиёсати хориҷиро мустақилона муайян намояд. Дар навбати худ, сиёсати хориҷӣ воситаи асосии нигоҳ доштани истиқлол гардид. Ҳамкории мутақобили судманд бо дигар давлатҳо ва ташкилот ба рушди устувор ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.

Истиқлолият барои Тоҷикистон рамзи ҳастӣ ва ҳастии миллат аст. Он сарчашмаи тамоми дастовардҳост. 34 соли соҳибистиқлолӣ ба мо нишон дод, ки миллате бо фарҳанги воло ва роҳбарияти оқилона метавонад ҳама гуна душвориҳоро паси сар кунад ва ба сӯи ояндаи дурахшон ҳаракат намояд. Бигзор парчами истиқлол ҳамеша дар осмони софу беғубори Тоҷикистон парафшон бошад.

Рӯзи Истиқлолият мӯборак, ҳамватанони азиз!

Саидҷамол Зайдулоев

Мутахассиси шуъбаи таълим-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.