ИСТИҚЛОЛИЯТ ВОЛОТАРИН ВА БОАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК 0 1 Мубодила кардан Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувийят ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувийят, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувийяти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳарчи бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд. Омӯхтани рӯйдодҳои таърихию фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем. Халқи тоҷик дар тўли таърих ба ҳайси халқи тамаддунофар шинохта шудааст. Яъне мардуми мо тавассути хиради азалии худ тавонистаааст, ки дар таърих дар бунёди кишвардориҳои бузург саҳми арзандае гузорад ва мондагории худро дар саҳифаҳои таърихи башар таъмин намояд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дармеёбем, ки чеҳраҳои дурахшоне бо қаҳрамонию диловарӣ, эҷодкорию ҳунармандӣ ва муборизаҳои ватанхоҳонаи худ боиси ифтихор ва намунаи ибрати аҳли башар гардида, дар даврони мухталиф пешвои сиёсию динӣ ва фарҳангию илмии тамаддунҳои гуногун гардидаанд. Корнамою муборизаҳои Куруши Кабир, Спитамен, ақлу фазилати волои Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Исмоили Сомонӣ, эҷодиёти Рўдакӣ, Фирдавсӣ, ҷалолиддини Балхӣ, дастовардҳои илмии Ибни Синою Закариёи Розӣ ва ҳазорҳо тани дигар тавонистаанд, ки миллати тоҷикро дар тўли қарнҳои гуногун дар арсаи ҷаҳонӣ пойбарҷо нигаҳ доранд. Хидмати чунин афроди муътабар на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми башарият аҳаммияти бузург доштанд ва то имрўз моҳияти худро аз даст надодаанд. Миллати тоҷик баъд аз муборизаҳои зиёди сиёсӣ тавонист, ки дар асрҳои IX-X тавассути корнамоиҳои сулолаи Сомониён давлати мустақили худро ба даст орад. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ба анҷом расид ва забони порсии дарӣ ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳими давлати мустақил забони расмии давлати Сомониён гардид. Ин мустақилият то андозае тавонист, ки дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҳамон замон мусоидат намояд ва мардум то андозае дар шароити осоишта умр ба сар баранд. Вале ин даврони тиллоӣ дер давом накард ва баъд аз сад сол чунин давлати пуршукуҳ аз байн рафт, зеро пояҳои давлат аз ҷониби ашхоси бегона то андозае заъиф гардонида шуданд, ки ин боиси аз байн рафтани чунин як давлати бузурге дар саҳифаи таърихи мардуми мо гардид. Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. Танҳо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ низ барои мо аҳаммияти стратегӣ дорад. Маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик талаботи аҳолиро бо молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ҳарчи бештар таъмин намоем. Ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад. Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷиҳати соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ ба ҳар яки мо зарур аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, ҳамаи имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли созандаву бофарҳанг ва ватандӯсту ободгар, яъне соҳибони ояндаи марзу буми аҷдодӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос равона созем. Имрӯз ба таърихи бистуяксолаи давлати навини хеш назар андохта, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав — давлати орзу ва ормонҳои миллӣ ва ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хеле дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Мо ифтихор дорем, ки дар сиючор соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Тоҷикистон дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ ва дар масири давлатдорӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардидааст, ки васфашон беохир аст. Аммо бе муҳобот ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар тӯли давлатдории тоҷикон бузургтарин дастоварди миллӣ маҳсуб меёбад, ки онро бояд чун гавҳараки чашм азизу гиромӣ донист ва баҳри пойдориву устувории он тамоми талошҳоро ба харҷ дод. Аз ҷумла, мо-кормандони соҳаи маорифро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро дар руҳияи ватандорӣ тарбия намуда, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯро омода намоем ва барои рушди ҳамаҷониба тамоми самтҳои давлатдорӣ саҳми шоиста гирем. Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург. Аз ин лиҳоз, бояд сиёсати дурбинона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода дар ҷиҳати боз ҳам ободу зубо гардонидани Тосикистони азиз беҳтару хубтар кор кунем. Бо ҳамин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ба хотири рушди минбаъдаи Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм солҳои 2020-2040»-ро эълон карданд ва ва ҳамчунин ҳамасола ба роҳ мондани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат»-ро роҳандозӣ карданд. Ин иқдомҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати руҳбаланд кардани насли ҷавон ва марҳила ба марҳила инкишоф ёфтани соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, саноатикунонӣ мусодат менамоянд. Мо маорифчиёнро лозим аст, ки ба ин иқдомҳо ҷиддӣ муносибат намуда, рисолати ватандории худро ба сурати комил дар мавриди таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли давлатӣ анҷом бидиҳем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат, васолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад». Нуруллоён С.А. муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 1 Мубодила кардан