ДАСТОВАРДҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАРИ МАҲБУБАМОН ДАР ФОСИЛАИ КӮТОҲИ ТАЪРИХӢ

0 1

Баробари барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст дароварданд. Дар натиҷа дар миқёси ҷаҳон давлатҳои нави соҳибистиқлол бунёд гардиданд. Минбаъд онҳо дар миқёси олам мустақилона миллати худро муарифӣ мекарданд. Дар харитаи чаҳонӣ ҳам ин гуна давлатҳои нави соҳибистиқлол мақоми худро ишғол намуданд. Он давлатҳо, ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол, бо мамлакатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муносибатҳои озодонаро ба роҳ монданд; 2) Ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст дароварда, минбаъд шакли давлатдорӣ ва тарзи зиндагии мардуми худро бо ба инобат гирифтани анъанаҳои миллӣ ташкил доданд. Дар тамоми ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолгардида забони асосии миллии онҳо мақоми забони давлатӣ пайдо намуд ва ғайраҳо.

Иттиҳоди Шӯравӣ барои тамоми халқҳои Шӯравӣ оилаи ягона ҳисоб мешуд. Сарҳади байни ҷумҳуриҳои Иттифоқ кариб вуҷуд надошт. Барои рафту омади дохилӣ, ташкили оила, таҳсил, кор, зиндагӣ ва ғайраҳо ягон хел маҳдудият набуд. Баъди барҳам додани Иттифоқ ҷумҳуриҳои нав соҳибистиқлол гардида, аз рӯи маводҳои бойгонӣ сарҳади худро муайян намуда, баъзеашон онро на танҳо симхор кашиданд, балки минагузорӣ карданд (чуноне, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо ташаббуси Ӯзбекистон ба ҳамин ҳолат табдил ёфтааст). Дар натиҷаи чунин ҳолат рафту омади озодонаи одамон аз байн рафт. Низоми раводид (виза) ҷорӣ гардид. Деворҳои симхории сарҳадӣ на танҳо хешу табориро, балки падару писар, бародару хоҳарро аз ҳам ҷудо намуд; 2) Иттиҳоди Шӯравӣ кариб 70 — сол вуҷуд дошт. Дар ин муддат, маблағгузорӣ, ки марказӣ буд, махсусан корхонаҳои саноатӣ вобастаи якдигар бунёд мегардиданд. Баъди барҳам додани Иттифоқ, ин риштаҳои иқтисодӣ канда шуданд. Агарчанде ба ҷои Иттиҳоди Шӯравӣ ИДМ-СНГ бунёд гардид, вале он ҳеҷ Иттиҳоди Шӯравиро иваз карда натавонист. Ҳолдонҳо ҳанӯз ҳангоми бунёди ИДМ – онро «тавлиди кӯдаки мурда» номида буданд. Дар натиҷа, дар даҳсолаи аввали истиқлолият қариб дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ пастравии иқтисодиёт, бад шудани зиндагии мардум, зиёд гардидани бекорӣ, беқурбшавии пул ва ғайраҳо ҳукмрон буд. Аз байни собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқ, танҳо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра зуд рӯ ба инкишоф ниҳоданд.

Дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунад.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад.

Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем.

Яъне таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд.

Дар пешорӯи давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо пурмасъулияту бузург, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу бум, ягонагиву иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир қарор гирифта буданд.

Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити рақобати шадиди сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аз роҳбарияти олии давлат сиёсати дурандешонаву пайгирона ва аз аҳли ҷомеа сабру таҳаммул, ягонагиву якдигарфаҳмӣ ва сарҷамъиро тақозо менамуд.

Дар роҳи берун кашидани кишвар аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ нақши созандаи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ҳар як сокини ватани маҳбубамонро таъкид намудан бамаврид аст.

Сулҳу салоҳ, ваҳдати сартосарӣ самараи Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон аст. Пас аз нобасомониҳову гирудорҳои солҳои 90-уми асри XX умед ба ояндаи нек рӯшан шуд. Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар ин Иҷлосияи тақдирсози таърихӣ ҷавонмарди ҷасуру некманиш Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин сиёсатмадори тавоно бо азму иродаи қавӣ Тоҷикистони дар хоку хун оғӯштаро аз нобудӣ раҳо карданд. Марзу буми кишвари тозаистиқлолро аз хатари порашавӣ эмин нигоҳ доштанд. Мардуми мамлакатро сарҷамъ карда, сулҳи ҷовидонро пойдор намуданд.

Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бор оварданд ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Пас аз ин, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир падидаи тозаеро қавӣ кард ва ин падидаро кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ эътироф карданд ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба унвони намунаи ибрат барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои гуногуни олам дониста шуд.

Дар ҳаёти аҳли башар маҳз шахсиятҳо дар пойдориву дастрасӣ ба истиқлолият ва роҳи таҳаввулу пешрафти давлати худ ҳамчун пешвоҳо нақши меҳварӣ доранд. Ин гуна шахсият дар даврони соҳибистиқлолии халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидааст. Дар саҳифаҳои заррини китоби даврони соҳибистиқлолӣ, аллакай, сабт аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи манфиатҳои иҷтимоиро муайян карда тавонист ва ин омил сарҷамъиву ваҳдатро ба вуҷуд овард. Бале! Истиқлолият барои халқи тоҷик нисбатан осон ба даст омад, вале онро нотавонбинони миллати куҳанбунёди тоҷик дар миёни оташ партофтанд. Наҷоти халқи тоҷик аз домани ҷангу хунрезӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом пазируфт, ин наҷоти истиқлолияти мо ва ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик буд. Дар ҷустуҷӯи хушбахтиву саодати халқ будан, Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти роҳбарӣ ва таҳкими истиқлолият муваффақ гардондааст.

Бояд зикр кард, ки эълон намудани истиқлоли давлатӣ ин танҳо оғози кор буд, аммо таърих имтиҳони бузургеро барои нигоҳдошти ин неъмати бебаҳо пешорӯи миллати мо овард, ки ин рӯйдодро набояд зуд фаромӯш кард. Онро бояд ҳамеша ёдрас намоем, дар гӯшаи хотир нигаҳ дорем ва аз он сабақ омӯзем то бори дигар ба ин вартаи ҳалокатовар наафтем. Баъди эълони истиқлоли давлатӣ ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд ва эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлука афтоданду зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва ҳокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад.

Боиси ифтихори мардуми шарифи тоҷик аст, ки то ба ҳол панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодааст.

Дар чунин шароит, моро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ, ки шарти муҳимтарини устувории давлат ва зиндагии осудаи мардум мебошад, беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем.

Яъне мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва дар роҳи ҳифзи амнияти давлат ва дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омода бошем.

Мирзозода Марҳабо

мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.