ТОҶИ ШАРАФУ НИШОНИ МО, ИСТИҚЛОЛ! 0 1 Мубодила кардан Санаи 6- сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил карда шуд. Дар чорабании сатҳи баланд кормандони КИМ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, Валиева Саъбагул, муовинони директор ва омӯзгорону донишҷӯйёни муассиса иштирок намуданд. Конференсиро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон ифтитоҳ намуда, табрикоти самимии директори муассиса номзади илмҳои таърих Назарзода Ҷумахон Шамсро бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён расонида, қайд доштанд, ки : Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Сипас, меҳмонон ба сухан баромада, қайд доштанд, ки: Дар муддати 34 соли Истиқлолият бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, пешрафту устувории ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем. Дар рафти Конференсия омӯзгорони кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” бо маърӯзаҳои илмии худ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд. Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Пеш 1 то 13 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан