МУСОБИҚАИ “ФУТБОЛИ ХУРД” БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ”

0 5

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол”-Ташаббусе, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи- Марказӣ (САФА) ва Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид пазируфта шадааст, тасмим гирифтааст, ки мусобиқаи варзишии футболи хурд байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро баргузор намояд. Вобаста ба ин аз санаи 03 то 05 майи соли 2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” марҳилаи дуюми мусобиқаи “Футболи хурд” ва “Волейбол” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муносибати “Рӯзи Ҷавонон”, “25-май Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва Ҷоми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 18- даста аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қуваозмоӣ намуданд.

Дар мусобиқа дастаи МДТ-коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз, сазовори ҷойи 1-ум, МҒТ-и ш Кӯлоб ҷойи 2-юм ва Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохила дар ш Кӯлоб ҷойи 3-юм, бо медал, диплом ва Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Бояд қайд намуд, ки дастаи МДТ “Коллеҷи тиббии ш Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А” роҳхат ба марҳилаи 3-юми мусобиқаро, ки санаи 22 то 25 майи соли 2025 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, ба даст овард.

Мақсади асосии мусобиқа, оммавигардонии бозии футбол ҳамчун намуди варзиши дӯстоштатарин дар байни ҷавонон ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад.

Убайдуллои Рустам
Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ
ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.