ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.» 0 7 Мубодила кардан Санаи 5 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Кумита муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис ва беш 100 нафар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мустақари минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумита муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ кушода, доир ба як қатор дастовардҳо ва норасоиву мушкилотҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мушоҳида мешаванд гуфта гузаштанд. Сипас сухан ба сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита Маҳмадализода Бобоҷон дода шуд. Маҳмадализода Б. оид ба натиҷаи санҷишҳое, ки ба тозагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб гузаронида шуда буданд ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ Қурбонзода Файзиддин низ баромад намуда, доир ба натиҷаи санҷишҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳисобот пешниҳод намуд. Раиси Кумита муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ доир ба як қатор камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷишҳо ошкор карда шуданд суханронӣ намуда, супориш доданд, ки онҳо сари вақт дар муддатҳои пешниҳодшуда бартараф карда шаванд. Ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода шуд, ки оид ба беҳтар намудани давомоти донишҷӯён, ҳуҷҷатгузории омӯзгорон, бо мутахассисони касбӣ таъмин намудани муассисаҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон, иҷро намудани нақшаи қабули донишҷӯён, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳо, ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилот, ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо, ҷоннок намудани иштироки донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ғайра фаъолияташонро пурзӯр намоянд. Тазаккур дода шуд, ки оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда дар оянда Кумита метавонад ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ кӯмаки худро расонад. Дар охири ҷаласа ба як қатор занҳои фаъол, бахшида ба Рӯзи модарон барои фаъолияти пурсамарашон дар таълиму тарбияи ҷавонон ва омодасозии мутахассисони касбӣ сипосномаҳои Кумита тақдим карда шуд. Баъди анҷоми ҷаласа раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ бо шароити таҳсил дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ошно гашта, аз ҷумла аз синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, марказҳои таълимӣ, китобхона, намоишгоҳи дастовардҳои коллеҷ ва осорхонаи муассиса дидан намуданд ва барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва сифати таҳсилот тавсияҳои муфид доданд. Раёсати коллеҷ Пеш 1 то 80 саҳифа Баъдӣ 0 7 Мубодила кардан