КОНСТИТУТСИЯ -ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

0 2

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эълон гардидааст.

                                    Эмомалӣ Раҳмон

Коститутсия санади таърихиву муқаддасест, ки тамоми муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро ба танзим дароварда, асоси ҳуқуқии ҳар як давлатро муайян мекунад ва ҳуҷҷати сафарбаркунандаи тамоми мардум баҳри ободии кишвар мебошад.

Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1194 дар райпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999 ва июли 2003 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ ба он тағироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Бинобар ин ҳамасола рӯзи 6 -ноябр ҳамчун рӯзи қабули Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашн гирифта мешавад.

Коститутсия ин рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо мебошад.

Давлати мустақил бошад, давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ; сарҳад Артиши миллӣ мебошад.

Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо оноро «Қонуни- бахт»мегӯем зеро дар ин китоб, ки Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад ва тамоми қонуниятҳои зиндагии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини кишвар Коститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.

Ҷавонони азиз Шумо низ фахр кунед, ки сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонед. Вақте, ки ба дунё омадед ба Шумо шаҳодатнома доданд, ки он сокини Ҷуҳурӣ буданатонро тасдиқ мекунад. Шумо ҳамчун узви комил ҳуқуқ ва озодиҳои худро донед. Ҳамаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст.

Конститутсия инсонро арзиши олӣ эътироф намуда ҳуқуқу озодиҳои шахсро муқаддас эълон кардааст. Дар моддаи 5 таъкид шудааст, ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дошта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамоянд. Дар моддаи 6 қайд гардидааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Мувофиқи Конститутсия бояд давлат ба ҷомеа ва одамон хизмат намояд ва барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳвандон шароити мусоид фароҳам овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст муайян кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа низ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва ӯро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест.

Дар назди қонун ва суд мувофиқи суд, мувофиқи Конститутсия ҳама, хоҳ зан бошаду, хоҳ мард, баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи озодиро кафолат медиҳад. Конститутсия ба ҳар як кас ҳаққи зиндагӣ дода аз номи давлат дахлнопазирии шахсро кафолатнок гардонид. Инчунин Конститутсия маҳрамона мукотиба кардан, сӯҳбати телефонӣ, ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озоди маҳали зист, тарки ҷумҳури ва бозгашт ба он, мустақилона муайян кардани муносибат дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ, иштирок дар райпурсӣ интихоб намуда, интихоб шудан, мутаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ итифоқҳои касаба, итиҳодияҳои ҷамъиятӣ роҳпаймоии осоиштаро мустаҳкам намуд. Ба ҳар кас озодии сӯхан нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат дода таъқиб барои танқидро манъ кард.

Конститутсия ба ҳар кас ҳуқуқи соҳиби ба моликият ва меросро дода, муайян намуд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад ё молу мулки шахсро барои эҳтиёҷи ҷамъият мухолифи қонун ва бе розигии соҳиби он гирад.

Инчунин Конститутсия оила, модару кудак, кудакони ятим ва маъюбро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода, ба ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоии манзил, истироҳат, ҳифзи саломатӣ иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, эҷодӣ бадеӣ, илмӣ, техникӣ, моликияти зеҳнӣ ва таҳсил дод.

Ҳамзамон Конститутсия дар баробари додани ҳуқуқҳои васеъи шахсро вазифадор намуд, ки Конститутсиява қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эътиром намояд.

Латипова Омина Хуршедовнадонишҷӯи бахши 1-уми факултети «Кори ҳамширагӣ» дар заминаи таҳсилоти умӯмии асосӣ синфи 9

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.