КОНСТИТУТСИЯ СОХТИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ ТОҶИК ҲАМЧУН ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИИ ҲУҚУҚБУНЁД

0 3

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар солҳои 1991-1992 кишвари моро бӯҳрони конститутсионӣ фаро гирифт, ки ин боиси риоя нашудани талаботҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид.

Ин амал ба он оварда расонид, ки бесарусомониҳо ва муқовимати шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Яке аз дастовардҳои хеле муҳим ва бузурги ҷомеаи мо дар бахши қонунгузорӣ, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид, ин заминагузорӣ ба таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, аз нахустин рӯзҳои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.

Вазифаи Комисияи мазкур омухтану аз бар намудани таҷрибаи ғании қонунэҷодкунии ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти хусусиятҳои хоси давраи гузариши мамлакат таҳияи Коститутсияи нав ба шумор мерафт. Яъне дар ин санади сарнавиштсоз таҷрибаи пешрафтаи ҷомеаи мутамаддини дунё ба назар гирифта шудааст.

Азбаски мақсади асосии давлати мо эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ба асоси иродаи мардум аст, Конститутсияи нави Тоҷикистон ҳама ин арзишҳо ва суннату анъаноти бебаҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намудааст.

6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ омода гардида буд, бо ҷонибдории аксарияти овозҳои шаҳрвандони кишвар пазируфта шуд. Ғояи меҳварие, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти нави давлатдории муосири тоҷиконро ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ поя гузошт, дар моддаи якуми Конститутсия барои ҳамеша сабт гашт.

Пас аз ин марҳила дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ оғоз гардид ва тавассути ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, қабул гардиданд. Бояд гуфт, ки бунёди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ташкил медиҳад, ки он ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад.

Дар муддати сипаригашта ба мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшем.

Бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он дар соли 1999 ва дар соли 2003 тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварданд.

Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад. Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки сатҳу сифати зиндагии халқ боз ҳам баландтар гардида, ватани маҳбубамон ободтару зеботар гардад. Тавре ки Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд «… мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Ҳангоми риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян карда шудааст.

Таҳия ва қабули Конститутсияи нав, ки аслан баъди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад.

Гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Қонуни асосии кишвар кӯшиш мекард, ки кори худро босифат ва дар муддати кӯтоҳ ба иҷро расонад, зеро ҷомеаи Тоҷикистон ва вазъи ноороми он рӯзҳо ҳарчи зудтар қабул гардидани ин ҳуҷҷатро тақозо мекард.

Дар раванди таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи кишвар мардуми Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳои зиёдеро манзур намуданд.

Аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ тамоми пешниҳодҳои воридшуда таҳлилу баррасӣ гардида, ҳамзамон бо ин, конститутсияи давлатҳои гуногуни ҷаҳон омӯхта, таҷрибаи мусбати онҳо мавриди истифода қарор дода шуд.

Зеро қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва дар он инъикос ёфтани мақсаду мароми ҷомеаи мо ва муайян гардидани сохти давлатдории тоҷикон ягона роҳи муаррифии давлати Тоҷикистон дар ҷаҳон, инчунин наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо буд.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардид, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд.

Аз оғози пайдоиши тамаддуни инсонӣ то ба давраи муосир санадҳои зиёде расидаанд, ки муаррификунандаи мавҷудияти халқу миллатҳо дар як давраи муайяни таърихӣ, тарзи зиндагӣ, сатҳи тафаккур ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавии онҳо мебошанд, ки ба ҷумлаи онҳо Эъломияи Куруши Кабирро, ки таърихи зиёда аз дувуним ҳазорсола дорад, метавон дохил намуд.

Таърих гувоҳ аст, ки ин санадҳои муҳим раванди ташаккули афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва фалсафии инсониятро дар давраи муайян танзим намуда, дар худ андеша ва ғояҳои инсондӯстона ва амалу рафтори бо қонун танзимшударо таҷассум мекунанд ва баромадан аз доираи муқаррароти онҳо ё нодида гирифтани онҳо сабаби сар задани низоъҳои мухталиф ва фалаҷ гардидани низоми ҳокимияти сиёсӣ мегардад.

Мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.

Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид.

Бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонида, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварро ба муҳоҷирони дохилӣ ва фирориён табдил диҳанд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнину ҳассос, пеш аз ҳама, ба шарофати иродаи матин, ақлу заковати мардуми тоҷик ва дар асоси меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсия ба мо муяссар шуд, ки ба низои дохилӣ хотима бахшида, дар заминаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми парокандаи кишварро сарҷамъ намоем ва давлати миллиамонро аз хатари тақсимшавӣ эмин дорем.

Маҳмудзода Қумринисо Нурали

муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.