ЗАБОН ВОСИТАИ ЯГОНАИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ МОДДӢ ВА МАЪНАВИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

0 2

Забони модарӣ аз рӯзи ба дунё омаданамон дар инкишофи сар яки мо нақши беҳамто мегузорад. Аҷаб гуворост лафзи модар, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофиз, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забони ширину шоиронае, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ, Муъмин Каноату Гулрухсор номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастияш ифтихор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд: «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Барҳақ, таълимдиҳандаи аввалини забон модаронанд ва беҳуда онро забони модарӣ нагуфтаанд. Аз ин рӯ, одоби сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модарон меомӯзанд.

Тоҷикон қадимтарин маскунони Осиёи Марказӣ буда, манзалати забони эшонро дар гирудорҳои таърихӣ на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Ибни Қутайба, на тохтутозҳои Чингизхон ва на каламанораҳои Темури Ланг аз байн бурда наметавонист. Агар аҷнабие муваққатан тахту тоҷи меросии тоҷиконро соҳиб мешуданд, ночор сохтори давлатдории хешро бо забони дарии тоҷикӣ ба роҳ мемонданд. Зеро ин забони Авасто, забони Рӯдакию Фирдавсӣ, забони Синою Ҳофиз ва дигар абармардони миллати бостонии тоҷик буда, дар умум забони илму маърифат таърихан арзи вуҷуд дошт ва то замони мо омада расид. Поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад.

Бале, сиёсате, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар самти забони давлатӣ ва густариши он роҳандозӣ намудаанд, пеш аз ҳама, боиси пазириш аст ва ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки дар татбиқи он, мо – соҳибони забон, ба қавли бузургон, то умр ҳаст, дар ҳоли «доимо омода!» ва «ҳамеша ҳушёр!» бошем, зеро «рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем».

Аз ин гуфтаҳо метавон қазоват кард, ки нишонаҳои асосӣ дар ҳаёти инсон барои ҳар халқу миллате аз нигоҳи арзишмандӣ ва тавонмандӣ бо калом сифот мешавад. Васфу ситоишҳо аз ҷониби абармардони шуҷоъ, далеру содиқ, тамаддуншиносу бофазл, покизаманишу фарҳангсолор иброз мегардад ва, барҳақ, бо дарки масъулият возеҳу равшан муайян кардани аслияти шоиставу сазовор будани нишона, омил ва унсур ба ин сифоту тавсиф нақши бориз дорад.

Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣва маънавии ҳар як халқба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрӯзро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ- забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳои таълимию илмӣ ва ғайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди миллати хеш аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ танҳо дар сурате ҳамчун забони илму фарҳангмавриди истифода қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Агар ба абёти оламшумули миллати тоҷик назар афканем, мушоҳида мешавад, ки ин забону ин фарҳанг ҳанӯз аз ибтидо хусусияти илмӣ дошт.

Ҳамзамон, бояд иброз намоем, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи намоёнро пайдо намуда, ташаббусҳои беназири Сарвари давлат бо забони давлатӣ оид ба обу иқлим, таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, зеҳни сунъӣ ва маърифати ҳуқуқӣ аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.

Мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 5 октябр дар саросари кишвар “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил мегардад. Таҷлили ин ҷашн гувоҳи соҳибдавлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва тамаддуни бою ғании фарҳанги тоҷиконро инъикос менамояд.

Гиромидошти забони тоҷикӣ ва рушду такомули он аз муҳимтарин вазифа ва масъулияти миллию иҷтимоии ҳар як соҳибзабон маҳсуб ёфта, мо ҷавононро вазифадор менамояд, ки бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва осудагии кишвар, баҳри мустаҳкам намудани забони давлатӣ ҳамчун пояи устувори кишвар, содиқона ба Ватан ва миллати худ хизмат намоем. Кушиш ба харҷ диҳем, ки дар ҷамъият аз пастсуханиву соддабаёнӣ ва дағалгуфторӣ дурӣ ҷуста, забони худро поку беолоиш нигоҳ дорем. Маданияти суханварӣ ва ҳусни гуфторро риоя намуда, баҳри пешгирии олудашавии забони ноби тоҷикӣ бо алфози бегона чораҳои зарурӣ андешем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ мустаҳкам нигоҳ доштани забон, ки ҷузъе аз фарҳанги миллии мо мебошад, айни муддаост.

Бо забон инсон фикр мекунад, эҷод мекунад ва фарҳангашро ба дигарон меомӯзонад. Забони модарӣ на танҳо воситаи гуфтугӯ, балки поё ва асоси ҳувияти миллӣ аст. Ҳифзи забон маънои ҳифзи фарҳанг ва таърих аст. Барои ҳамин, ҳар шахс бояд забони модарии худро гиромӣ дорад, дуруст истифода кунад ва онро ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Хулоса: Забон – калиди рушноӣ ва нишонаи зиндагии миллат мебошад. Мо бояд ҳамеша онро эҳтиром кунем ва қадр намоем. Забон ин ганҷинаи маънавӣ ва фарҳангии ҳар миллат мебошад. Бо ёрии забон инсон фикр мекунад, ба дигарон маълумот медиҳад ва ҳиссиёт ва андешаҳои худро баён мекунад. Забони модарӣ на танҳо воситаи гуфтугӯ аст, балки асос ва пояи ҳувияти миллӣ мебошад. Ҳифзи забон маънои ҳифзи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои халқ аст. Аз ин рӯ, ҳар шахс вазифадор аст, ки забони модарии худро гиромӣ дорад, дуруст истифода кунад ва онро ба наслҳои оянда интиқол диҳад.

Валиева Ҳусния

мудири кафедраи забони тоҷик-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.