ВАҲДАТ –ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ 0 3 Мубодила кардан Аз баракати дастгирии самимонаи халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам созем. Қабул намудани андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мо, тоҷикон, бесабаб набуд. Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта кор ба дараҷае расид, ки дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд. Баъди ба имзо расидани ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд. Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд. Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар чунин шароит Пешвои миллат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро, ки қариб чор сол идома ёфт, ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сафарбар созад. Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем. Имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад. Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳаммияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, мардумро муттаҳид сохта, ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар — Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад. Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида- миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд. Бешак, барои ҳифзу ҳимояи он бояд тамоми ҷомеа саҳм дошта бошад. Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем. Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавоноӣ ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем. Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми нерӯву имкониятҳои хеш самарабахш истифода намоем. Бояд зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ, инчунин дигар иттиҳодияҳои иҷтимоӣ таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат мебошад. Зеро бидуни ин омилҳо таъмин гардидани фаъолияти густурдаи худи онҳо аз имкон берун аст. Дар шароити кунунии рушди ҷомеа бояд ба назар гирифт, ки ваҳдати миллӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуда, балки он ифодаи талабот ва ниёзҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ мебошад. Бо дарназардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад. Имрӯз тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди ҷомеа мебошад. Ифтихори миллӣ эҳсоси гарму гувороест, ки фарзандони миллатро ба роҳи созандагию бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан, оромии сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, нигаҳдорӣ ва афзун гардонидани мероси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ раҳнамоӣ мекунад. Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеъӣ ҷорӣ бошанд. Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошанд. Мову шумо бояд бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим, донишу таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи пайгиронаи техникаю технологияи муосир душвориҳои имрӯзаро паси сар намоем ва Тоҷикистони азизи худро ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи олам расонем. Абдураҳмонова Гулҷеҳра Нурублоевна Омӯзгори калони кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 3 Мубодила кардан