Боиси хушнудист, ки санъати мардумии “Чакан” рӯзи 29 ноябри 2018 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуда, чунин муаррифӣ карда шудааст: “Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад”.
Ҳамин тавр, чакан яке аз рукнҳои арзишманди мероси умумибашарӣ ба шумор рафта, олами бою пурѓановати маънавӣ, зебоипарастиву созандагӣ ва соҳиби таъриху фарҳанги бостонӣ будани мардуми тоҷикро ифода менамояд.
Хулоса чакан — ин як навъи ҳунари гӯлдӯзии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар муҳити хонаводагӣ рушду нумӯъ кардааст. Ва табиист, ки дар ҳама давру замон мавқеи хосаро дар фарҳанги асили халқи тоҷик, бахусус минтақаиКӯлоб касб намудааст.
Абдураҳмонова Г.Н.- Раиси Шӯрои занон ва кор бо оилаи коллеҷ