ОМӮЗГОР ШАХСИ ПУРШАРАФ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

0 5

Саннаи 03 октябри соли 2025 дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиш зери унвони «Омӯзгор шахси пуршараф дар ҷомеаи муосир» гузаронида шуд. Дар ин чорабинии пуршукӯҳ директории муассиса н.ит., муҳтарам Назарзода Ҷумахон Шамс муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар, Раиси Ҳизби Халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим Гадо иштирок доштанд. Ҳамоишро директории муассиса н.и.т., муҳтарам Назарзода Ҷумахон Шамс ифтитоҳ намуда ҳозиринро ба ин иди касбиашон муборакбод намуданд. Зикр намуданд, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасавур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певшои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Омӯзгор дар ҷомеа мавқеъи муҳимро касб намудва тавре иброз намуданд,ки «Калиди ҳамма дастоварду комёбиҳост ва ташакккули маънавию зеҳнии ҳар фард дар дасти омӯзгор аст. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем». Меҳмонон ба саҳнаи фахрӣ даъват карда шуданд. Шаҳодатнома ва нишони фахрии сарисинагии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз Аҳматулло ва инчунин Сипоснома ба мутахассиси шуъбаи таълим Зайдуллозода Саидҷамол Сайҷалол бо мақсади таълиму тарбияи мутахасисони ҷавон тақдим карда шуд. Инчунин аз тарафи директории Муассиса ба се омӯзгор бо маблағи 5000 (ҳазор сомонӣ) барои фаъолияти босамар дар ҷодаи тарбияи насли ҷавон омодасозии мутахасисони миёнаи тиб ба муовини директор оид ба таълим Нуруллоён С,А., ба сардори маркази тестӣ Гулов Б ва ба мутахасиси шуъбаи таълим Зайдуллозода С.С бахшида ба рӯзи омӯзгор сазовор гардонида шуданд. Инчунин як қатор омӯзгорон бо сипосномаҳои Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва сипосномаҳои муассиса тақдим карда шуданд.

Дар бахши фарҳангии чорабини бо ишроки яке аз сарояндаҳои шинохтаи кишвар Усмони Ҳайдар ва дастаи гулдухтарони Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо барномаҳои ҷолибу диданӣ пешниҳоди тамошобинон намуда, бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Маъмурият

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.