САРҚОНУН — ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ

0 4

Сарқонун ояндаи давлати тоҷиконро муайян мекунад, уҳдадориҳои моро пешорӯй мегузорад ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсонро ҳифз мекунад. Мо бояд ба ин санади олӣ арҷ гузорем ва онро ҳамчун дастури роҳнамои давлату миллат эҳтиром кунем.

                                                Эмомалӣ Раҳмон

6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Сарқонун (Конститутсия) ҷашн гирифта мешавад. Ин сана яке аз рӯзҳои муҳимтарини таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар ин рӯз, соли 1994, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Сарқонун (Конститутсия) қонуни асосии кишвар буда, тартиби давлатдорӣ, сохтори ҳокимият ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян мекунад. Он як санади бунёдии сиёсӣ ва ҳуқуқист, ки дар он тамоми арзишҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявияти давлат таҷассум ёфтаанд.

Сарқонуни Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст ва ба манфиати рушди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани ҳуқуқи баробар барои тамоми шаҳрвандон равона шудааст.

Мафҳум ва аҳамияти Конститутсия

Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат ҳамаи қонунҳо ва қарорҳои дигарро танзим мекунад. Он:

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд-ро кафолат медиҳад.

Сохти давлатиро муайян мекунад.

Принсипҳои демократия, волоияти қонун, баробарӣ, адолат ва кафолатҳои иҷтимоиро ба расмият медарорад.

Барои фаъолияти шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва судӣ – заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Қабули Сарқонун дар як марҳалаи бисёр душвору сарнавиштсоз – баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ – сурат гирифт. Ин санад ҳамчун рамзи якпорчагӣ, сулҳ, ваҳдат ва оғозёбии сохтмони давлати ҳуқуқбунёд қабул гардид.

Аз ҳамон сол инҷониб, 6 ноябр на танҳо як санаи ҳуқуқӣ, балки рамзи ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва қонуният, инчунин дарки масъулияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар конфронсҳо, чорабиниҳои илмӣ, маърифатию фарҳангӣ ва мулоқотҳои маънавӣ баргузор мешаванд. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ мебошад.

Бахтиёр ФақеровСармутахассиси шуъбаи тарбияи МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.