ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАҚОМИ ВОЛОИ ОМӮЗГОР

0 4

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.

Эмомалӣ Раҳмон

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар,

“Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар”.

Омӯзгорӣ яке аз пешқадамтарин ва муҳимтарин касбҳои инсонӣ мебошад, ки на танҳо ба таълим ва тарбияи насли нав маҳдуд аст, балки ба шаклгирии маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа низ таъсири калон мерасонад. Агар мо ба таърихи инсоният назар афканем, мебинем, ки ҳар қаҳрамони маърифат ва илм ҳамеша ба маърифатпарварӣ ва интишори дониш содиқ буд. Аз ин рӯ, омӯзгорро на танҳо ҳамчун нафаре, ки дониш меомӯзад, балки ҳамчун шахсе, ки рисолати маънавӣ ва фарҳангӣ иҷро мекунад, метавон эҳсос намуд.

Омӯзгор шахсест, ки барояш на танҳо иттилооти илмӣ муҳиманд, балки тарбия, тарз ва услуби ҳаёт, андеша ва маърифати насли нав низ дар мадди аввали рисолати онҳо қарор дорад. Маҳз омӯзгорон ҳастанд, ки тафаккури насли ҷавонро ташаккул медиҳанд, имконият медиҳанд, ки ҷавонон дарки дуруст аз зиндагӣ, маърифат ва фарҳанг пайдо кунанд. Омӯзгор ҳамчун меъмори маънавии ҷомеа амал мекунад, ки заминаи рушди илм, фарҳанг ва ҷомеаро муайян мекунад.

Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили 2025-2026 зикр намуданд: «Омӯзгорон дар замони муосир на танҳо дониш медиҳанд, балки андешаронӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносиро дар зеҳни хонандагон парвариш мекунанд. Онҳо бояд пайваста сайъ намоянд, то ҷавобгӯи талаботи замон ва тарбиятгари воқеии инсони комил бошанд.»

Маҳз омӯзгор аст, ки насли навро барои фаҳмидани мафҳумҳои баланди инсонӣ — чун адолат, меҳнат, ватандӯстӣ ва худогоҳӣ омода месозад. Ӯ заминаи илмӣ ва маънавии донишомӯзонро мегузорад ва онҳоро ба ҷаҳони муосир, ки пур аз рақобат ва навоварист, роҳнамоӣ менамояд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар иқдомҳои зиёди назаррас амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, афзоиши музди меҳнат, додани қитъаҳои замин ба омӯзгорони ҷавон, беҳтар намудани шароити кор дар мактабҳо ва мукаммал намудани барномаҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муассир мебошанд.

Чунонки маълум аст, аз 1 сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон 30 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом на танҳо дастгирии моддӣ, балки нишони эҳтироми давлат ба заҳмати омӯзгор аст. Инчунин, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» далели он аст, ки муаллимон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат қарор доранд.

Имрӯз омӯзгор бояд на танҳо донандаи фан, балки шоирони маърифат, муҳандисони зеҳн ва тарбиятгарони қалб бошад. Дар замони рушди босуръати технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ насли нав ба шахсияти устод бештар ниёз дорад, ки барояш намунаи ахлоқ, ҳикмат ва виҷдони касбӣ бошад.

Дар тули таърих, омӯзгорон на танҳо нақши интиқолдиҳандаи донишро иҷро кардаанд, балки онҳоро метавон меъморон ва муҳаррикони тамаддун номид. Омӯзгор буд, ки тафаккури наслҳо ташаккул ёфтанд ва арзишҳо миллиро ба ҷомеа роҳнамоӣ намуданд.

Аз замонҳои қадим омӯзгор дар фарҳанги тоҷик ҳамчун меҳвари маърифат шинохта шудааст. Чунон, ки Устод Айнӣ менависад: «Муаллим чароғест, ки бо сӯхтани худ роҳи дигаронро равшан мекунад».

Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз рақобати иттилоотӣ ва дигаргуниҳои босуръат аст, нақши омӯзгор бештар аз қабл муҳим гардидааст. Имрӯз омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки роҳнамо, тарбиятгар ва омӯзгори тафаккури танқидист. Ӯ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеаи рақамӣ бошад, бо технология ошноӣ дошта бошад ва ба шогирдон на танҳо илм, балки муҳаббат ба дониш ва маърифатро омӯзонад. Аммо, кори омӯзгор аз сатҳи дониш берунтар аст. Вай ҳамчуни мурабии бузург, сифатҳои некӯи инсонӣ – монанди ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба калонсолонро дар дили шогирдонаш парвариш медиҳад. Дарсҳои ахлоқе, ки вай бо ишора ва амал медиҳад, то умр дар хотири шогирдон нақш мебандад.

Омӯзгор ин фақат касб нест, балки мисли нурест, ки дар қалби насли оянда равшанӣ мебахшад. Мехру вафо, поки ва инсондустӣ яке аз рукнҳои асосии фаъолияти омӯзгор мебошад. Таълим ва тарбия ду қутби мукобили равонӣ ва маънавӣ мебошанд, ки дар маркази онҳо шахсияти муаллим қарор дорад. Муаллим бо меҳру вафо ба кӯдакону чавонон дониш мебахшад, ҷахонбинӣ ва ахлоқи дурустро меомӯзанд, ва пайваста кӯшиши мекунад, ки насли наврасро ба инсони комил ва масъул тарбия кунад.

Воқеан омӯзгор бо меҳру вафо мисли чашмаи беохир аст, он оби маънавӣ мерезад ва бо ҳар қатрааш қалбҳоеро тарбия мекунад, ки дар оянда ҷомеаро равшан мегардонанд. Ҳар гоҳе, ки шогирд ба муаллим муроҷиат мекунад, ӯ на танҳо дониш медиҳад, балки тавассути меҳр ва вафо дастгирӣ ва ҳидоят мебинад. Омӯзгор ояндасоз аст. Ҳар ҳарфе, ки ӯ мегуяд, ҳар амал ва рафтор, ки нишон медиҳад, дар шаклгирии шахсияти наврас таъсир мерасонад. Ҷаҳони имрӯз бо тамоюли пуршиддат ва тағирёбанда рӯ ба рӯ аст ва вазифаи муаллим на танҳо омӯзонидани фаннҳои гуногун, балки тарбия ва равоншииносии шахсият низ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Омӯзгор мисли шамъест, ки худ месӯзад ва дигаронро рушноӣ мебахшад»

Воқеан сарчашмаи тамоми ҳастии инсон аз муаллим — омӯзгор оғоз мегардад. Омӯзгор ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон ба ҳисоб меравад. Омӯзгор шахси воломақомест, ки аз хурди инсонро илму адаб омӯхта, ба воя мерасонад. Ӯ бузургтарин шахсест, ки дар баробари волидон мунису ғамхор буда, шахсро олами маънӣ мебахшад. Омӯзгорро оинаи чароғи роҳи зиндагӣ гӯем ҳам, хато намекунем, чаро, ки вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, шахсро тарбия намуда, илм меомӯзонад. Омӯзгор барои тарбияи хуб гирифтани шогирдонаш кӯшишҳои беандоза мекунад, тамоми ҳастиашро ба ӯ мебахшад, то ки шогирдон ба камол расида, тарбияи хуб гирифта, бузург гарданд. Зеро шогирди хуб ифтихори худи омӯзгор мебошад. Омӯзгор шогирдро ба роҳи рост равона накунад, ҳеҷ гоҳ шогирд шарафманду комёб намегардад. Барои як шахсро ба шахсият табдил додан заҳматҳои беандозаи зиёдро сарф менамояд, зеро мекӯшад, ки шогирд тарбияи хуб гирифта соҳибмаълумот гардад. Саодатманд ҳамон шахсест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгор аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб афтода, қуввати худро барои тарбияи фарзандони мардум дареғ намедорад.

Дар ҳақиқат мо дарси чи гуна зиндагӣ карданро аз муаллим омӯхтаем ва тамоми дору надорамон маҳсули заҳматҳои эшон аст. Муаллим ба мо ёд дод, ки то мисли ҳамаи парандаҳо парвоз кунем ва ёдамон дод, ки ба худшиносӣ бирасем. Ҳама ҷодаҳоеро, ки муаллим нишон медиҳад ба хирад ва рӯшноӣ мерасонад:

Туро як умр хоҳам кард таъзим,

Ки бар ман додаӣ бо сидқ таълим.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Омӯзгор мисли шамъест, ки худ месӯзад ва дигаронро рушноӣ мебахшад»

Омӯзгор ба шогирд чун манбаъи ҳамаи хушбахтиҳо, комёбиҳо, муваффақиятҳо ва сарфарозиҳо буда, ба зиндагии шоста ноил шудани он нақши аввалиндараҷа мегузорад. Натиҷаи кори омӯзгор ба зиндагӣ нуру сафо бахшида, касро ба зиндагӣ дилгарм мекунад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло хонандагон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки ба қадри омӯзгоронашон бирасанд ва ба онҳо эҳтиром қоил бошанд. Панду насиҳатҳои онҳоро бипазиранду сахтгириашонро нисбат ба донишомӯзиашон чун кинаю адвот қабул накунанд. Зеро ҳар як эроде, ки омӯзгор ба шогирдон мегирад на ба зарари онҳо, балки ба фоидаи онҳост. Гуфаи омӯзгор ба шогирд агарчанде талху сахт ояд ҳам, он бояд сабур бошад, зеро ягон омӯзгор бадбахтии шогирдро интизор нест.

Абдураҳмонова Г.Н.

муаллимаи калони кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.