КОНСТИТУТСИЯ – ҚОНУНИ САРНАВИШТСОЗ

0 2

Бақои ҳар як миллатро арзишҳои миллиаш марзи муайян, забон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, Нишон ва Конститутсия муайян мекунад. 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамапурсии мардуми ҷумҳуриамон қабул гардид. Имсол аз қабули Конститутсия 31 сол пур мешавад.

Ифодагари ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳои миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ симо ва достони миллати куҳанбунёди мо буда, ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои миллатро муайян менамояд.

Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиати ҳамаи рукнҳои ҷомеаро дар бар мегирад. Ин ҳуҷҷат ба сифати қонуни асосӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо падидаи нав нест, чунки дар замони Ҳукумати Шўравӣ соҳиби Конститутсияҳои умумихалқӣ будем ва ҳар яки онҳо афкору воқеияти замони худро инъикос мекарданд. Худи мафҳум ва ё истилоҳи «Конститутсия» ин «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-и ҳокимиятро маънидод мекунад. Дар баробари ин, ба сифати қонуни асосии давлат, таҳкимбахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз замони ба миён омадани муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Конститутсия ин қонуни асосии кишвар ба ҳисоб меравад ва онро муассисоте, ки дар чаҳорчўбаи меъёру муқаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонанд, тағйир диҳанд. Тағйири Конститутсия бо роҳи хоса ва танҳо бо раъйи аксари шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.

Дар тўли 31 соли мавриди амал қарор доштани ин ҳуҷҷати муҳим ба он се маротиба, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рўйдоди муҳим ва мондагори таърихӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Таҳлилгарони хориҷӣ ба ин Қонуни асосии мо баҳои баланд дода, Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешрафта ва сулҳхоҳ муаррифӣ намудаанд. Масъалаи асосӣ аз ҷониби мо, шаҳрвандон, риоя кардани нуқтаҳои зарурӣ дар он нишон дода шудааст. Ҳамаи ин нишондодҳоро бояд бо самимияти хоссаамон нисбат ба давлат ва роҳбари он риоя намоем.

Бояд гуфт, ки доштани Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди ин ё он давлати ҷаҳон боиси ифтихору сарбаландист.

Таърих гувоҳ аст, ки дар дунё халқияту миллатҳое ҳастанд, ки аз давлатдорӣ ва конститутсия бенасибанд. Бинобар ин, месазад, ки мо, тоҷикон бо ин ҳуҷҷати таърихӣ, ки ифодакунанда ва роҳнамои мардуми ватанамон аст, ифтихор намоем. Дар ин қонуни асосӣ ҳамаи мазмун ва мундариҷаи соҳаҳои ҳаёт, қадру манзалати шахс, мавқеи ў дар ҷомеа ба назари эътибор гирифта шудааст. Ба ҳамин хотир, конститутсияро аз давраҳои хеле пештар ҳам раҳнамо ё бахтномаи давлат номидаанд.

Воқеан ҳам, мо мардуми тоҷик, хушбахтем, ки соҳиби чунин бахтномаем. Ҳамаи ин нишондодҳои қонун баҳри хушбахтӣ, озодӣ, истиқлолият ва ободии ин кишвар равона карда шудааст.

Тибқи Конститутсия халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, ба мисли СММ, САҲА, ИДМ ва ғайра будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгў буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла, кўдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад.

Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро мухайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳо маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».

Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад. Ин санад дар таърих бо унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрўз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад».

Афзалиятҳои зиёде дар ин санад нишон дода шудааст. Афзалияти муҳимме, ки дар санад дида мешавад, ин боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчўбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Аз ҷониби дигар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими Истиқлолият арзёбӣ шуд.

Конститутсия роҳнамоест, барои имрўзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз менамояд ва мебарад сўйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор кард, ки 31- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерўи тоза мебахшад.

Ба ҳамин тариқ, Конститутсия – қонуни асосии кишвар, эътибории олии ҳуқуқӣ ва сарчашмаи қонунгузории Тоҷикистон буда, он асосҳои сохтори давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳо, низом, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, шаклҳои амалисозии онҳо, ҳамкории байни онҳо дар бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёдро дар Тоҷикистон муқаррар менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки Конститутсия пояи давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Мо мардуми Ватандўсту худогоҳро зарур аст, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кўшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон равона намуда, Конститутсияи Ҷумҳуриро амиқ биомўзем, онро эҳтиром намоем ва аз он ифтихор намоем.

Умеда Боева

декани факултетти кори ҳамширагӣ (синфи 9) МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.