ГОМҲОИ ҶИДДӢ ДАР РУШДУ ПЕШРАФТИ СОҲАИ ТИБ 0 3 Мубодила кардан Пайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои ватандӯстона ва саъйю талошҳои дилсӯзонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ комёбиҳои беназир ба даст омад, ки соҳаи тиб ва нигаҳдории тандурустӣ аз ин пешрафту дастовардҳо истисно намебошад. Ҳукумат ва Давлат марҳала ба марҳала бунёди муассисаҳои нави тиббӣ, аз қабили бемористону марказҳои саломатӣ ва бумгоҳҳои тиббии муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу абзор ва дастгоҳҳои ҷадиди замонавиро вусъат бахшида, дар масъалаи бо мутахассисони соҳибмаълумоту варзида таъмин намудани ин муассисаҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Муайян намудани омилу сабабҳо ва сари вақт пешгирӣ кардани бемориҳои гуногун, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳӣ дар байни аҳолӣ, хусусан, дар деҳоту музофоти дурдаст ва ташкилугузаронидани равандҳои профилактикӣ аз паҳлуҳои муҳими фаъолияти кормандони соҳаи тиб, ба вижа , пизишка ба шумор меравад. Тавре маълум аст, табибони фидокор дар лаҳзаву ҳолатҳои мухталиф, аз ҷумла, доман паҳн кардани бемориҳои ба саломатии одамон хатарзо кӯшишу талошҳои содиқонаву хастанопазир анҷом доданд. Дастовардҳо дар соҳаи тиб натиҷаи сиёсати давлатӣ, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ (СУТ, ЮНИСЕФ, USAID) мебошанд. Дар айёми басо вазнин, дар самти пешгирии бемории Ковид-19 пизишкони сарсупурдаи кишвар ба он кӯшиданд, ки тавассути табобати саривақтии беморони мубталои ин «вабои аср» ва гузаронидани ваксинаҳо ба аҳолӣ сатҳи афзоиш ин маризиро пешгирӣ ва коҳиш диҳанд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ба 99,1 фоизи аҳолӣ воя гузаронида шудааст. Пайи чанд соли охир дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуда, ба ташкил ва таҳкими тибби оилавӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зиҳир карда шуд. Раванди мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ ва аб беҳтар гардидани дастрасӣ ба хидматрасони тиббӣ мусоидат мекунад. Пайвастани илм бо амалия ва дастовардҳои илмии олимону донишмандони соҳа ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои нави табобату муолиҷа такони ҷиддӣ бахшидааст. Соли равон, тибқи маълумоти оморӣ, дар кишвар 39 усули ҷадиди ташхисӣ ва табобатӣ ҷорӣ гардид, ки аз такомулу таҳаввули соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ дар масъалаи истифодаи рақамикунонии технологӣ дар тибби ватанӣ корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Раванди мазккур ба истифодаи амалии маълумоти тиббӣ ва хидмаирасонии фосилавӣ мусоидат мекунад. Бо иқдомҳои ватандӯстонаи Сарвари давлат ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ сол то сол маблағгузории соҳа меафзояд. Соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави бемористону корпусҳои алоҳида сохта ба истифода дода шудаанд. Дар маҷмуъ, имсол 30 бинои нав бунёд гардидаву 82 бинои дигар таъмир ва азнавсозӣ шуд. Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ тайи панҷ соли охир 2,5 маротиба афзудааст. Бояд зикр намуд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 12 барномаи миллӣ дар самти мубориза бо бемориҳои сил, диабети қанд, саратон ва амрози дил қабул ва амалӣ гардиданд. Вазифаи умдаю асоссӣ ҳоло ин аст, ки маърифати тиббии аҳолиро бо роҳу усулҳои гуногун бояд баланд бардошт. Ин амал тавассути ҳамкориҳои судманд ва ба роҳ мондани суҳбату муколамаҳо бо кормандони тиббии марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва бемористони шҳару ноҳияҳо, сокинони шаҳраку ҷамоатҳо, ҳайати устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ метавонад сурат гирад. Инчунин, ба василаи ба мардум расондани рисолаю китобҳои тиббӣ ҷиҳати сабабу омилҳои сар задани ину он беморӣ, роҳҳои пешгирии ин бемориҳо ва риояи қоидаҳои гигиенӣ-санитарӣ ба коҳиш ёфтани маризиҳои гуногун метавон мусоидат кард. Ташкилу роҳандозии барномаҳои муассиру судманд дар садову симо вобаста ба ин масоил, дастоварду пешравиҳо дар самти нигаҳдории тандурустӣ (хусусан, дар миқёси ҷаҳонӣ) низ аз манфиат холӣ нест. Мутассифона, мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд,ки ҳоло ҳам қисмате аз сокинони кишвар дар иртибот ба бемории худ дар ивази ба пизишкони ҳирфат муроҷиат кардан, худмуолиҷа ва рӯйи ниёз овардан ба табибони мардумӣ ва дуохони. «оби шифо»-и табаррукро ба даст оварданро афзалтар меҳисобанд. Заминаи асосии ин амалҳои бемаърифатона дар банди ҷаҳолату нодонӣ ва хурофот мондани чунин одамон мебошад. Бо вуҷуди корҳои тавзеҳӣ ва таъкидҳои бардавоми мутахассисону донишмандони соҳаи тиб афроде вомехӯранд, ки дастоварду кашфиётҳои соҳаи зикршударо нодида гирифта, ҳаёти худу наздиконашонро зери хатар мегузоранд. Дар урфият мегӯянд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» гуфтаанд. Бештар ҳангом одамон сари вақт дар хусуси бемории худ ба духтурон муроҷиат намекунанд. Натиҷаи он мешавад, ки пизишкон азобу машаққатҳои зиёди ҷисмию рӯҳиро аз сар гузаронда, аз қавле, бо марг мубориза баранд. Гоҳо чунин рафтору амалҳои кӯтоҳандешона ба фоҷиа меанҷомад, ки ҳароина дар ин ҳол муқассиру гунаҳкор худи сокинон мебошанд, аз ин рӯ, ба зиндагӣ бояд бо чашми хирад нигарист ва эҳсос кард, ки ҷаҳон ба пешрафту дигаргуниҳои тасаввурнопазире мувоҷеҳ гардидааст. Маърифати тиббиро дар байни аҳолӣ бояд баланд бардошт. Зулхумор ХАЛИЛОВА омӯзгори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 3 Мубодила кардан