БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАҚШ ВА МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА

0 8

Яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад. Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар». Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеа, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, таҳким бахшидани мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ зимни ҳар баромади хеш таъкид менамоянд. Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.

Зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад, ки ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла, Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат мекашанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 -2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил менамоянд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт мушкилоти ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла, масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ аз 95 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз, дар қаламрави кишвар қариб 17 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 -сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд, ки бештари онҳо маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.

Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.

Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд.

Аз ин рӯ Сарвари давлат вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро вазифадор кард, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд, зеро ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Бо назардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шаванд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлол ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Ба имзо расидани Фармони таърихии Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 яке аз қадамҳои муҳимтарин ва устувор дар самти ташаккули сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҷомеа аз мавқеи Сарвари давлат дар робита ба нақши бонувон дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи ин сиёсат паём дод.

Пӯшида нест, ки масоили таъмини баробарии гендерӣ хеле ҳассос буда, бархурд ва ҳалли онҳо бинобар мавҷудияти қолабҳои гендерии асрҳо шаклгирифта дар дилхоҳ ҷомеаи шарқӣ муносибати махсус ва муҳлати тӯлониро тақозо менамояд, вале маҳз мавқеи устувори Роҳбари давлат дар сиёсати таъмини баробарии гендерӣ ва боло бурдани нақши зан дар ҷомеа боис гардид, ки он дар таҷрибаи Тоҷикистон марҳила ба марҳила ва муваффақона амалӣ гардад ва аз тарафи ҷомеа мусбат пазируфта шавад.

Зоирова Лутфия

Омӯзгори кафедраи “Кори ҳамширагӣ”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.