ШАНБЕГИ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ 0 3 Мубодила кардан Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо мақсади тозаю озода нигоҳдоштани муассиса ва сабзу хуррам намудани як гӯшаи шаҳр, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар робита ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар дохил ва гирду атрофи Коллеҷ ва минтақаи вобасташуда бо иштироки донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони хоҷагии муассиса шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки устодон, донишҷӯён ва кормандони хоҷагии муассиса бо як руҳияи баланди ватандӯстї, барои ба тартиб даровардан ва тозаю озода намудани саҳни муассиса дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебо гардидани гирду атрофи муассиса ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе шанбегиҳо гузаронида мешавад. РАЁСАТИ КОЛЛЕҶ Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан