ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ДАРСҲОИ ТАРБИЯВӢ 0 5 Мубодила кардан Мувофиқи дархости директори муассиса ҷихати баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқи донишҷӯён, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, ифтихор аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ёдгориҳои таърихию фархангӣ, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар муассиса санаҳои 2-юм ва 3-юми майи соли равон аз тарафи омӯзгорон дар байни донишҷуёни курсҳои якум ва дуюм дар мавзӯъи «Ватандӯстиву ватанпарастӣ» дарси тарбиявӣ гузаронида шуд, ки боиси баланд бардоштани таълиму тарбия ва тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва одобу ахлоқи онҳо гардид. Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад, ҷавон солимфикр ба воя мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сиёсати худ пайваста таъкид менамоянд, ки дар сатҳи хуб доир намудани машғулиятҳо ва дарсҳои тарбиявӣ омили ташаккули маҳорати касбии донишҷӯён ва таълиму тарбияи онҳо мегардад. Бахши тарбия Пеш 1 то 17 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан