ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

0 3

Бо ин унвон, санаи 3 октябри соли ҷорӣ дар факултети «Кори ҳамшрагӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кўлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бахшида ба таҷлили «Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро декани факултети «Кори ҳамшрагӣ» Хушбахтов Абдуфаёз Самадович оѓоз намуда, табрикоти самимии директори коллеҷ, номзади илмҳои таърих Назарзода Ҷумахон Шамсро ба донишҷўён расонида қайд доштанд, ки: Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳоноҳои сахту сангини таърих гузашта аст ва имрўз яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба як гуруҳ донишҷўёни факултет, ки бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил доранд, сипосномаҳои директори муассиса тақдим карда шуд.

Сипас, омўзгори кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷики» Гулбаҳори Соҳибназар бо марўзаи худ вобаста ба мақоми забдони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Ва гуруҳи донишҷўён шеъру достон ва порчаҳои насриро аз асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон вобаста ба ин санаи таърихӣ, қироат намуданд.

Хушбахтов Абдуфаёз Самадович

Декани факултети «Кори ҳамшрагӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.