ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-МАСЪУЛИЯТИ ДАСТАҶАМЪИРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД

0 7

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудошавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, наметавонад аз бархурдҳо ва тазодҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монада, нисбати онҳо бетараф бошад. Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, санаҳои муҳими таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, гирифтани пеши роҳи таассубу ихтилоф ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз бештар дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамият пайдо намудаанд.

Тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки парвариши фарзанд аз ҷониби волидон, наздикон, хешу табор ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Рисолати падару модар дар ҳаёт қабл аз ҳама, таълиму тарбияи фарзандон ба шумор меравад. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар, наздикони ӯ, омӯзгор ва дар маҷмӯъ тамоми аҳли ҷомеа муваззаф мебошанд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо ҳодисаҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷараёнҳои тундгаро ба мушоҳида мерасад. Ин гуна амалҳо дар охир  ба пушаймонӣ меоваранд. Даҳҳо ҷавонони гумроҳ аз Покистон, Сурия ва дигар мамлакатҳои арабӣ бо кӯшиш ва тадбирҷӯиҳои Президенти ҷумҳуриамон ба Ватан баргаштанд. Падару модари эшон изҳори пушаймонӣ доранд, ки дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ карда, онҳоро беназорат гузоштаанд. Масъалаи дигар сарулибоси ҷавонон бахусус духтарон аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-6 соли охир аз тарафи як гурӯҳ духтарони тоҷик тақлид ва пӯшидани либоси сиёҳ ба мӯд даромадааст, ки ин амал пайравӣ ба мамлакатҳои исломӣ аст. Падару модарон ва устодонро зарур аст, ки бар зидди ин амали номатлуб корҳои ташвиқотиро бештар ҷоннок намоянд.  Тарбия омили муҳиму тақдирсоз аст ва он танҳо дар заминаи амали аҳлонаву муассир натиҷаи дилхоҳ дода метавонад.

Борҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки мо барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон масъулем: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».

Фарзандон тавассути тарбияи модар бо ҷомеа робита пайдо менамоянд. Дар даврони тифлӣ ниҳоди фарзандон мисли ойина поку беолоишанд ва ҳар чизе, ки ӯ дар рафтору гуфтори падару модар, устодону муҳиташ мебинад, онро дар оянда инъикос хоҳад намуд. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос нақши модарон, занон бениҳоят зиёд аст.

Дар рӯҳияи ватандустӣ, меҳнатпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас аз модарон масъулияти баландро талаб менамояд. Бояд мақсади асосии зан модар танҳо таваллуди фарзанд набошад, балки мақсади асосии занону модарони азиз тарбияи хуби фарзанд, ба камол расонидани шахсияти худогоҳу равшанзамир бошад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба рушди  имкониятҳои инсонӣ таваҷҷуҳ намуда, наслеро тарбия намоем, ки дар ниҳоди он, пеш аз ҳама, манфиатҳои  миллию давлатӣ дида шавад ва бо баъзе паёмадҳои  манфии ҷаҳонишавӣ истодагарӣ намоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҷавондухтарон, занону бонувони тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниам, ки биёед ба қадри сулҳу Ваҳдат, оромиву осудагӣ ва мақому ҷойгоҳе, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорем бирасем. Вазифаи аввалиндараҷаи модар аст, ки фарзандро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватан омода намояд. Пас бо дарк кардани ин ҳама қудрату тавоноӣ бонувони азиз бетараф набошед, арзишоти фарҳангию миллии худро ҳифз намоед ва азизони худро барои садоқат ва ҳимояи марзу буми Ватан тарғиб намоед.

Раҷабова Комила

Декани факултети кори табобати дандон, дандонсозӣ, тибби ташхисӣ, тибби профилактикӣ ва кори ҳамширагии шабона

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.