Мардуми тоҷик бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 34 соли истиқлолият ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ илмию фарҳангӣ, маданию техникӣ ноил гардиданд.
Нерӯи бузурги маорифпарварӣ, созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон собит менамояд, ки бе илму маърифат бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, дар сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабу маориф дар даврони истиқлолият низ мақоми хосса доранд.