Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
Бузургони мо дар бораи китоб суханҳои баландмазмун гуфтаанд. аз ҷумла, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» овардааст: «Беҳтарин ҷаласа ва хуштарин анис кутуби акобирва расоили бузургон… на замири хонандаро аз малолест ва на хотири шунавандаро калом». Аз ин рӯ, дар хонаи ҳар фард будани ҷевон ва рафи китоб зарур аст. Зеро хонаи бе китоб сард буда, зиндагӣ маъно надорад. Бе китоб илмумаърифат ҳосил нахоҳад шуд, бе илму адаб мансабу давлат чизе нест, табиати инсон ниёз ба дороии маънавӣ ба китоб дорад. Яъне ҳар оилаи бофарҳанг бояд китобхонаи худро дошта бошад. ва дар он китобҳои дарсиву таълимӣ, асарҳои классикони милливу ҷаҳонӣ, адабиёти бадеӣ, маълумотномаҳову луғатҳои марбут ба ихтисосашонро гирд оваранд. Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат, дӯсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор ва ҳамнишину ҳамсуҳбати инсон аст.
Шоир, мутафаккири тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:
…Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дурр.
Ба таҳрири латоиф лаб кушояд,
Ҳазорон гавҳари маънӣ намояд.
Китоб дарёи ҳикмат буда, маҷрои он моро ба роҳи хирад, маърифат, одобу фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Бе китоб донистани таърихи башарият имкон надорад. Чун китоб сабаби асосии ҳосил намудани илму дониш ва ғизои маънавист. Пас, дӯст доштан ва арҷ гузоштан нисбат ба китоб амрест муқаддас. Шахси китобхону китобдӯст ба монанди садаф, ҷавоҳирот, офтоб ҷонбахшу нурафшон аст. Мутолиаи китоб на танбодиққат будан, балки фаъолиятмандиро тақозо мекунад, омили мустаҳкам намудани хотира гардида, аз сӯйи дигар, барои ғанӣ намудани маънавиёт, сайқал ёфтани зеҳну қобилият ва ташаккули заминаи эҷодиёти илмӣ мусоидат менамояд.
Зи доноён бувад ин нукта машҳур,
Ки дониш дар кутуб, доност дар гӯр.
Набояд фаромӯш сохт, ки китобхониву китобдӯст ӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб аз нодиртарин ва марғубтарин бозёфтҳои иҷтимоии башарият маҳсуб меёбад ва онро бояд азизу муқаддас дониста, чун гавҳараки чашм ҳифз созем. Аз ҷониби дигар Пешвои миллат эълон гардидани Рӯзи китоб дар Тоҷикистон пайкест аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан арҷ гузоштан ба китобу китобдорӣ ва китобхонӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон.
Дигар маълумотҳои ин категория