“ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!”

0 3

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо ташаббуси роҳбарияти коллеҷ аксияи тарғиботи таҳти унвони “Тоҷикона мепушем” бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани хонандагону донишҷуён, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дури аз фарҳанги бегона бо иштироки омӯзгорону донишҷӯдухтарон ҷиҳати муаррафии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботи роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар ин рӯз, донишҷӯдухтарони гурӯҳ гурӯҳ шуда, бо либосҳои миллӣ ба сайру гашт баромада, барои шаҳрвандон либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.

Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Муовини директор

оид ба корҳои тарбиявӣ Назирматова Р.Г

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.