БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ «БИОЛОГИЯ» ДАР МАВЗӮЪИ «БЕМОРИИ ИРСИ ВА ТАСНИФОТИ ОНҲО» 0 3 Мубодила кардан Санаи 29.11.2025 сол дар кафедраи «Биология» дарси кушоду намунавӣ аз фанни «Биология бо асосои генетика» таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра Баротова Моҳрухсор дар гурӯҳи 209-и кори ҳамширагӣ (с-9) дар мавзӯи «Бемории ирси ва таснифоти онҳо» шуда гузашт. Дарси кушод бо иштироки сардори шӯъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов К., сардори шӯъбаи таълим Сафарзода Ф., сардори назорати сифати таҳсилот Набиева Нодира ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Мақсади гузаронидани дарси кушоду намунавӣ баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҳавасманд гардонии онҳо нисбати илмҳои дақиқ ва касби интихоб намудаашон мебошад. Бемориҳои ирсӣ ин бемориҳоест, ки аз насл ба насл тавассути генҳо мегузаранд. Сабаби асосии онҳо тағйир ё осеб дидани генҳо ё хромосомаҳо мебошад. Дар ҷамъбасти дарс сардори шӯъбаи илмӣ-методӣ доир ба камбудиҳо ва усулҳои муосири таълим ба Баротова Моҳрухсор тавсияҳо доданд. Шовализода Қурбобӣ мудири кафедраи «Биология»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан