САҲМИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

0 2

Дар яке аз суханрониҳои худ Президента кишвар таъкид намудаанд, ки «Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем».

Дар партави ин сиёсати созанда бо мақсади тақвият бахшидани иштироки бонувон дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ силсилаи тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардиданд.

Аслан сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.

Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.

Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.

Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд.

Мисол овардани сифатхои неки фақат қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Тахмина ва Гурдофарид, хамчунин меҳанпарастиву фидокории садҳо нафар шахсиятхои таърихии миллати бостонии мо далели равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузаштаамон нисбат ба зан — модар мебошад.

Зан — модар дар дини мубини ислом низ мақому манзалати хоса дорад. Дар чандин сураҳои куръони маҷид ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан возеҳу равшан ифода ёфтааст. Дар ҳадисҳои набавӣ ва қавли саҳобагон низ қадри волои модар борхо таъкид гардидааст.

Беҳуда нест, ки дар мамолики мусулмонӣ бо шири модар савганд ёд мекунанд.

Зеро модар ғайр аз ин, ки ба фарзанди худ хаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накӯтарини инсониро дар сиришти у бо шири поки худ ҷой медиҳад.

Воқеан, тарбияи насли солим ва инсони комил ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва саховату садоқати беинтиҳои модар наметавонад баробар бошад.

Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.

Яъне ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру ҳимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи хаёт ва парварандаи арзишҳои волои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дустӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накукор, далеру шуҷоъ ва ватандусту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд.

   Модар, воқеан, нахуст-устоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлок  ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Мусаллам аст, ки комёбию пешравихои зиндагӣ дар қиёс муайян шуда, баҳои ҳақиқии худро дар он ҳолате пайдо мекунанд, ки нақшаҳо амалӣ гарданд. Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон дар яке аз баромадҳои худ Президенти  давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон арз дошта буданд, ки “Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омухтаем”.

Ҳамин тариқ, зан боиси хушбахтии одамон, василаи пойдории хаёт ва чароғи хонадони мост. Зан офтобест, ки оламро бо ҷамоли худ зебо мегардонад, оташест, ки дилҳоро ба зиндагӣ гарм мекунад. Агар ба таърих назар намоем, хоҳем дид, ки зан ҳамчун модар, ҳамчун каҳрамон, ҳамчун суханвар ва ҳамчун бунёдкор чи хизматҳои бузурге барои башарият кардааст.

Сол ба сол шумораи занон дар сохаҳои гуногуни илм низ бештар мешавад. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила, айни ҳол академикҳо аз ҳисоби занон 2 нафар, профессор 130, доктори илм 104, номзади илм 1124 ва дотсент 390 нафарро ташкил дода, дар Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби занону духтарон 743 нафар занону духтарон фаъолият мебаранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 академик, 3 узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 24 доктори илм, 101 номзади илм, 40 доктори PHD ва 270 магистрант мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ бештар аст. Умуман барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода аст.

Занони соҳибфазлу соҳибмаърифат ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа ба чашми хирад менигаранд.

Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоҳад, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, соҳиби фарзанду оилаи солим ва соҳиби зиндагии шоиста буда метавонад. Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷихати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад.

Баромадҳои пайвастаи Пешвои миллат бонувони бошарафи моро водор менамояд, ки дар дақиқаҳои охире, ки арзишҳои милливу фарҳангӣ таҳти раванди ҷаҳонишавӣ дар маърази таҳаввулот қарор гирифтааст, беш аз пеш дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошанд ва онҳоро дар руҳияи ватандустӣ, донишандузӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар тарбия намуда, барои ташаккул ёфтани шахсияташон нақши бузург гузоранд.

Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромуш намекунем ва у ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.

Вале агар ҳаёти зан танҳо бо мушкилоти рӯзгор маҳдуд гардад ва бори гарони хонавода бар души ӯ бошад, пас гумон аст, ки чунин тарбия судбахшу ҳадафманд сурат гирад.

Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чи андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Аз ин рӯ  Ҳукумати Точикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи хуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ,  ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Аҳтамова Сарвиноз

Мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.