ОМӮЗГОР – ОФАРАНДАИ РӮШНОӢ

0 2

Омӯзгор яке аз шахсиятҳои арзанда ва арҷмандтарин дар ҷомеа ба шумор меравад. Ӯ на танҳо илму дониш меомӯзонад, балки шахсият месозад, хислатҳои неки инсонӣ ба хонандагон меомӯзад ва онҳоро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ мекунад. Ҳар як муваффақияти ҷомеа ва ҳар як пешравии миллат дар заминаи заҳмати омӯзгорон қарор дорад.

Касби омӯзгорӣ танҳо як шуғл нест, балки рисолати муқаддас аст. Омӯзгор мисли чароғест, ки равшании маърифатро паҳн мекунад ва зулмати ҷаҳолатро дур месозад. Ӯ бо меҳру муҳаббат ва сабру таҳаммул насли наврасро тарбия намуда, дар қалби онҳо меҳри Ватан, масъулиятшиносӣ ва адолатро ҷой мекунад. Аз ҳамин рӯ, мақоми омӯзгор дар фарҳанги тоҷикон ҳамеша баланд дониста шудааст.

Агар мо ба таърих назар афканем, мебинем, ки тамоми шахсиятҳои бузурги миллат – шоирон, олимон, мутафаккирон ва қаҳрамонон – маҳз дар мактабҳои оддӣ зери роҳнамоии омӯзгорони меҳрубон саводи аввалин гирифтаанд. Ин далел собит месозад, ки омӯзгор пояи асосии пешрафти илму фарҳанг ва рушду нумӯи давлат мебошад.

Дар шароити муосир нақши омӯзгор боз ҳам бештар мегардад. Зеро ҷаҳони имрӯз бо суръат тағйир меёбад ва дониш ҳар рӯз нав мешавад. Омӯзгор бояд худ ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгониҳо бошад, то таълими ӯ ҷавобгӯйи талаботи замон гардад. Ҳамқадами пешрафти илм будан, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва таҳкими ҷаҳонбинии техникӣ яке аз вазифаҳои муҳими омӯзгорони имрӯз ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки омӯзгор танҳо донистани фанро кофӣ намедонад. Ӯ пеш аз ҳама тарбиятгар аст. Бо сухани нек, бо рафтори шоиста ва бо намунаи шахсии худ ба шогирдон ибрат мегузорад. Аз ин рӯ, ҳар омӯзгор бояд худ шахсияти комил ва намунаи фарҳанги баланди инсонӣ бошад.

Бо такя ба ин гуфтаҳо метавон хулоса кард: омӯзгор пояи устувори ҷомеа аст. Ҳар қадар ки мақоми омӯзгор баланд бошад, ҳамон қадар миллат ва давлат пешрафта хоҳад буд. Ба ҳамин хотир, бояд ҳамеша ба заҳмат ва мақоми омӯзгор арҷ гузорем ва рисолати ӯро ҳамчун яке аз муқаддастарин вазифаҳо дар ҷомеа эҳтиром намоем.

Рахмонов Алиҷон

Мудири кафедраи фанҳои дақиқ ва риёзӣ-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.