Ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Ин сана яке аз муҳимтарин рӯзҳои таърихии кишвар буда, ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, бахшида шудааст.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон ба сохтмони давлати муосир ва ҳуқуқбунёд шурӯъ намуд. Барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва танзими муносибатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Рафти таҳияи он бо иштироки олимони ҳуқуқшинос, ходимони давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт.
Санаи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин Конститутсия санади олии сиёсиву ҳуқуқии кишвар буда, асосҳои сохтори давлатӣ, принсипҳои демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро танзим менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии кишварро дар бар мегирад. Дар моддаи 1-и Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд кардаанд, ки: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсия ин аст, ки он ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро эътироф ва кафолат медиҳад. Дар моддаҳои 14 то 47 ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодии сухан, озодии виҷдон, ҳуқуқ ба таҳсилот ва ҳифзи иҷтимоӣ бо забони равон ва равшан қайд шудаанд.
Рӯзи Конститутсия ҳамчун яке аз рамзҳои ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун дар ҷомеа ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳар сол 6 ноябр дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд. Дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва ташкилотҳои давлатӣ лексияҳо, семинарҳо ва намоишҳои китоб баргузор мешаванд, ки аҳамияти илми ҳуқуқ ва ҳифзи қонунро дар ҷомеа баланд мебардоранд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами бузурге дар роҳи таҳкими истиқлолияти миллӣ ва рушди давлатдории ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Ин санади олӣ на танҳо заминаи ҳуқуқии ҷомеаи мо аст, балки маҷмӯи арзишҳоест, ки озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоиро таъмин мекунад. Ба ҳамин хотир, Рӯзи Конститутсия ҳар сол бо эҳтиром ва ҷалоли хос таҷлил мегардад.
Мо омӯзгорони МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» низ дар баробари таълиму тарбияи хуб додан ба шогирдон, инчунин вазифадорем, ки онҳоро аз қонунҳо ва санадҳои меёриҳуқуии кишвар, хусусан аз Конститутсияи мамлакат, ки раҳнамои ҳар яки мост, баҳраманд гардонем. Дар ин росто, мо омӯзгорон сарфи назар аз дарсҳои ихтисосӣ бояд ба онҳо китобу дастурҳои лозимаро пешкаш намоем.
Дар ростои таҷлили Рӯзи Конститутсияи мамлакат дар Коллеҷи мо чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, конфронсу семинарҳо ва суҳбатҳо бо иштироки васеи шогирдону омӯзгорон дойир мегарданд, ки аз аҳаммият орӣ нестанд. Маҳз тавассути чунин чорабиниҳо шогирдони мо боз беҳтару амиқтар аз муҳиммияти Конститутсия, ки раҳнамои имрӯзу фардои дурахшони мост, огаҳ мегарданд ва ҷаҳонбиниашонро боз васеътар мекунанд.
Ҷашни пурифтихори Конститутсия муборак ҳамватанони азиз!